Вакилон ба «Аёдати рамазонӣ» пайвастанд

10

Вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Мастчоҳ низ иқдоми ҳизбии “Аёдати рамазонӣ”-ро дастгирию амалӣ менамоянд.
Дирӯз Рустам Рустамзода, директори КДФ Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул дар ноҳияи Мастчоҳ ва вакили Маҷлиси ноҳиявӣ аз ҳавзаи интихоботии “Исмоили Сомонӣ-29” дар доираи аксияи мазкур барои аёдати як гурӯҳ собиқадорони меҳнат, афроди дорои имконияти маҳдуд ва шахсони яккаву танҳо саҳмгузорӣ намуд.

Зимни амалисозии ин иқдоми хайру савоб раиси Кумиҷроияи ноҳиявии ҲХДТ Дилшод Зокиров ва намояндаи корхонаи мазкур Сангинмаҳмад Бурҳонов аз ғамхориҳои мунтазами Роҳбарияти Олии мамлакат нисбати қишри ниёзманд ва осебпазири ҷомеа сухан гуфта, таъкид намуданд, ки “Аёдати рамазонӣ” идомаи мантиқии ташаббусҳои наҷиби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, аз дастуру супоришҳои ин абармарди миллат асос мегирад.

Аёдатшудагон бо шукргузорӣ аз фазои орому осудаи кишвар барои рушди устувори он ва пойдории абадии Ваҳдати миллӣ дуои хайр карданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>