Амали хайру савоб

586

Моҳи Рамазон ва иди саиди Фитр барои мардуми мусулмон аз ҷумлаи суннатҳои муқаддаси динӣ мебошад, зеро онҳо таҷассумгари беҳтарин арзишҳои инсонӣ — аъмоли хайру созанда, сабру таҳаммул, раҳму шафқат, поси хотири гузаштагон ва некиву накӯкорӣ шуморида мешавад.

Муҳимтарин фазилати иди саиди Фитр бо нияти нек, шодмониву хушҳолӣ ва бо амалҳои хайру савоб истиқбол гирифтани он ба ҳисоб меравад.

КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Сарвари муаззами кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳадафҳои барномавии ҳизб дар арафаи Иди Рамазон чун анъана аёдати шахсони ниёзмандро ба роҳ монд.

Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Анварзода Амир дар ҳамҷоягӣ бо Котиби иҷроияи бахши вилоятии ҶҲАТ дар вилояти Суғд барои табрик ва аёдати оилаҳои камбизоат рафта, бо шарту шароити зиндагии онҳо  аз наздик шинос шуд.

Шахсони аёдатшуда таманнои онро карданд, ки кишвари моро аз шарри бадиҳо ва бадхоҳон Худованд дар амони худ нигоҳ дошта, амнияту оромии кишварамон то абад поянда бошад.

Бахшида ба иди саиди Фитр аёдати ин гуна ашхос идома меёбад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>