Таваҷҷӯҳ ва ғамхорӣ ба кӯдакони маъюб

DSC_4349

Дар арафаи Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт аёдату дидорбинии як зумра кӯдакони имконияташон маҳдудро ба ҷо овард.

Зимни дидорбинӣ намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб наврасонро  ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон табрик намуда, ба онҳо маводҳои ғизоӣ ва қаннодӣ тӯҳфа намуданд. Зикр карда шуд, ки кӯдакону наврасони бо амри тақдир маъюб ва имконияташон маҳдуд ҳамеша дар мадди назари роҳбарияти мамлакат қарор доранд.

Дар навбати худ аъзоёни оилаҳои кӯдакони аёдатшуда аз ғамхориҳои пайвастаи давлату Ҳукумат ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>