Аёдати кӯдакон

IMG-d4eec67c955df3ff4fda567218a3cc58-V

Ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ва Иди Рамазон кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов кӯдаки ятим ва маъюб истиқоматкунандаи Ҷамоати деҳоти Сомониён Амонов Далерҷонро аёдат намуданд.

Зимни аёдат раиси КИ ҲХДТ Одилзода Рустам аёдатшавандаро аз номи роҳбарияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, ба он маҳсулотҳои ғизоӣ тақдим кард. Таъкид намуд, ки кӯдакони ятиму беапарастор дар зери ҳимояи ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.

Дар фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов аёдати кӯдакони ятиму бепарастор дар арафаи ҳамаи иду ҷашнҳо ба ҳукми анъана даромадааст. Инчунин кӯдаки ятим аз Ҷамоати деҳоти Гулхона Исмоилова Оятхон низ аёдат карда шуд. Аёдатшудагон дар навбати худ аз сиёсати инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шоду масрур будани худро изҳор намуда, миннатдории хешро ба Сарвари давлат баён карданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>