“Сад ранги чакану адрас” дар Спитамен

20190531_142607

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен дар ҳамкорӣ бо шӯъбаи маорифи ноҳия, бахшида ба 25 -солагии таъсисёбии ҲХДТ ва эълон гардани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар қасри фарҳанги ноҳия  фестивал-озмуни “Сад ранги чакан ва адрас” баргузор гардид.

Дар оғози чорабинӣ ба иштирокчиёну меҳмонон дар бораи чакан маълумот дода шуд. Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен Ойбек Насруллозода баромад намуда, ҳозиринро бо идҳои дарпешистода табрик гуфта, зикр намуд, ки адрасу чакан мероси гаронбаҳои фарҳанги миллии мо буда, бояд дар байни мардум тарғиб карда шавад. Мақсади гузаронидани  чорабинии мазкурро низ ба он рабт дод.

Дар фестивал — озмуни мазкур аз рӯйи шаш номинатсия ғолибону ҷоизадорон муайян карда шуда, бо диплому тӯҳфаҳои таъсисдодаи Кумитаи иҷроия сарфароз гардонида шуданд. Дар фарҷом раиси ҳакамони озмун, дотсенти филиали муассисаи давлатии Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони маориф дар вилояти Суғд Мавлуда Рӯзиева барои ташкили чунин чорабинии хотирмон ба Кумитаи иҷроияи ноҳия миннатдории худро баён намуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>