Афзоиши сафи ҳизбиён аз ҳисоби занон

Screenshot_2019-05-31-16-31-24-937_com.miui.gallery

Дар ташкилоти ибтидоии “Маркази хизматрасонии иҷтимоӣ”-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом бо кормандони марказ вохӯрӣ доир гардид.

Дар мулоқот мудири шӯъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ Фирӯза Шерматова оиди масъалаҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, дур будан аз фарҳанги бегонаи либоспӯшӣ, оиди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, ҳамчунин перомуни  пешгирии зӯроварӣ дар оила сухан кард.

Директори маркази мазкур Заррина Ғафурова иброз дошт, ки зери сиёсати созандаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъ шуда, ба халқу миллати хеш содиқона хизмат мекунанд. Бо бонувон сӯҳбати озод сурат гирифт ва дар фарҷоми мулоқот ба чанде аз занону бонувони маркази хизматрасонии иҷтимоӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супурда шуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>