ҶАВОНОН ИДОМАБАХШИ ҲАДАФҲОИ ОЛИИ КИШВАРАНД

20190523_135159

Тибқи нақша-чорабинии ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ миёни хонандагони зинаи дуюми таҳсилоти Ҷамоати деҳоти Айнӣ мусобиқаи футбол доир гардид, ки дар он устодон ва варзишгарони калонсоли ноҳия ширкат варзиданд.

Роҳбари ТҶҶ “Созандагони Ватан” С. Қобилов зимни суханронӣ, аз ҷумла қайд кард: “Воқеан, имрӯз кулли ҷавонони созандаи тоҷик шукронаи диёри ҳамешабаҳор ва ташаббусҳои оламгири Президенти ҷавонпарвари кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро карда, бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ҳимоятгари асили фарҳангу суннатҳои неки ниёгон ва идомадиҳандаи ташаббусҳои наҷибу бунёдкоронаи насли калонсол ҳастанд. Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –  Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эътироф шудани ҷавонон ҳамчун ояндасозони миллат, нерӯи пешбаранда ва қувваи ҳаракатдиҳандаи ҷомеа, инчунин  таҷлили 23-юми май ҳамчун Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон аз он шаҳодат медиҳад, ки воқеан ҷавонони даврони соҳибистиқлол идомабахши ҳадафҳои олии кишвар мебошанд”.

Аъзоёни фаъоли гурӯҳи “Созанда” доири дастгирии Ҳукумати кишвар дар самти рушди варзиш ва дастгирии ҷавонон андешаронӣ карданд. Сипас, футболбозони муассисаи таълимии деҳаи Зоосун бо футболбозони муассисаи таълимии деҳаи Томин, футболбозони деҳаи Сангистон бо футболбозони маркази ноҳия сабқат намуданд, ки дар натиҷа футболбозони муассисаи таълимии деҳаи Зоосун сазовори ҷойи якум ва маркази ноҳия сазовори ҷойи дуюм гардида, бо Ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>