Дар Ворух коргоҳи дузандагӣ ифтитоҳ гардид

IMG_6446

Имрӯз, 3.06.2019 бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар Ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд. Дар маросими ифтитоҳи он раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Сатториён Матлубахон Амонзода иштирок намуда, бо фаъолияти коргоҳ  оғоз бахшиданд.

Шоистаи таъкид аст, ки аз ҷониби КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ба ин коргоҳ 12 адад дастгоҳи муосири дӯзандагӣ, ду адад дастгоҳи аверлог ва мизи чокбуррӣ  тақдим карда шуд, ки 15 нафар занони деҳа  бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд. Ба коргоҳи дӯзандагӣ, асосан, занону духтарони хонашин ба кор ҷалб шуданд, ки ба дӯхти либосҳои ягонаи мактабӣ ва либосҳои миллии занона машғул мегарданд.

Яке аз дӯзандагони коргоҳ Ровизахон Қурбонова аз ифтитоҳи коргоҳ  изҳори хушҳолӣ намуда, ин иқдомро аз таваҷҷуҳи пайвастаи Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба фаъолияти занон арзёбӣ кард ва ба ибтикороти КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд дар созмон додани чунин коргоҳи замонавӣ миннатдорӣ баён намуд. Таъкид дошт, ки бо фаъолияти самараовари худ дар коргоҳи мазкур ба талаботи мизоҷон либосҳои шинаму мувофиқро таҳия намуда, пешкаши харидорон менамояд.

Ифтитоҳи коргоҳи дӯзандагӣ идомаи корҳои созандагӣ бахшида ба 25 — солагии таъсисёбии ҲХДТ ба шумор рафта, КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ба нақша гирифтааст, ки  иқдоми бунёдкориро тақвият бахшида,  рӯзҳои наздик боз як коргоҳи дӯзандагӣ дар Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт.IMG_6470 IMG_6472 IMG_6424

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>