ҲХДТ – нерӯи тавонои сиёсӣ

P_20190604_095055

Намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бо омӯзгорони Гимназияи №1-и ноҳия мулоқот намуданд.

Мудири шуъбаи кор бо ҷавонони кумиҷроияи ноҳия Набиев Шерзод ва мудири шуъбаи омор Отабоев Пӯлодҷон оид ба ҳадафҳои созандаи ҲХДТ суханронӣ намуданд. Таъкид шуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчуни нерӯи тавонони сиёсӣ дар рушду пешрафти Тоҷикистон нақши бузург дошта, таъминпи зиндагиии шоистаи мардум дар меҳвари  барномаву ғояҳои созандаи ин ҳизби мардумӣ қарор дорад.

Ҳамзамон, муҳимтарин нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,  Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 7-уми феврали соли 2019, нақши ҷавонон дар тарғиби сиёсати дастовардҳои даврони Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳкими Истиқлолият ва пойдории Ваҳдати миллӣ дар мулоқоти мазкур мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар фарҷом ба 26 нафар омӯзгорони ҷавони муассисаи мазкур дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>