Аёдати оилаҳои ниёзманд

изображение_viber_2019-06-04_20-51-45

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд дар якҷоягӣ бо ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Шабакаҳои барқи шаҳри Хуҷанд» як қатор оилаҳои ниёзманд аёдат карда шуданд. Ин иқдом бо мақсади татбиқи сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷиҳати амалӣ сохтани ҳадафҳои Барномаи ҲХДТ дар самти дастгирии оилаҳои ниёзманд, маъюбон, собиқадорони ҷангу меҳнат роҳандозӣ гардид.

Намояндагонпи КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд аёдатшудагонро аз номи роҳбарияти ҲХДТ ба муносибати иди саиди Фитр табрик гуфта, таъкид намуданд, ки қишри ниёзманди ҷомеа дар меҳвари таваҷҷуҳи ҲХДТ қарор доранд.

Гуфта шуд, ки таъмини зиндагии шоистаи сокинон дар меҳвари фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор дорад ва аз ҷониби роҳбарияти ҲХДТ ҷиҳати дастгирии ашхоси ниёзманд фаъолон пайваста тадбирҳои судмнад амалӣ карда мешавад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>