Иди касбии кормандони соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ

2

Бахшида ба иди касбии кормандони соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ дар Корхонаи воҳиди давлатии «Автобазаи махсуси санитарӣ»-и шаҳри Хуҷанд маҷлиси тантанавӣ доир шуд. Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар суханронӣ намуда, кормандонро бо рӯзи касбиашон табрик гуфт. Таъкид шуд, ки ҳамасола санаи 4-уми июн дар кишвар ҷиҳати қадрдонии кормандони соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ин рӯз дар сатҳи баланд таҷлил мешавад.

Ҳамзамон, ба фаъолони ҲХДТ Ифтихорнома ва Сипосномаи КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд тақдим карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>