Кормандони ҳизб ба омӯзиш фаро гирифта шуданд

IMG_6770

Дар Кумитаи иҷроияи вилоятии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои кормандони масъули ҳизб семинари омӯзишӣ оғоз гардид.

Ҳадафи семинар омӯзиши амиқи таърих ва марҳилаҳои рушду такомул, мусоидат ба пешрафти бештари фаъолияти ҲХДТ ва табодули таҷриба маҳсуб меёбад, – зикр кард зимни ифтитоҳи семинари омӯзишӣ Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Сатториён Матлубахон Амонзода.

Ба гуфтаи Раиси Кумитаи иҷроияи вилоят семинари мазкур ба муносибати 25-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва ҷиҳати омодагӣ ба маъракаҳои муҳими сиёсии кишвар сурат гирифта, барои боз ҳам тақвият ёфтани фаъолияти ҳизбиён мусоидат хоҳад кард.

Муаррихони варзида, устодони ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Ваҳҳоб Набиев, Шавкат Шарифов, Иброҳимҷон Ҷабборов ва раиси Шӯрои собиқадорони Кумиҷроияи вилоятӣ Анвар Ҷалилов аз таърихи таъсисёбии ҲХДТ ва марҳилаҳои рушду ташаккули он, саҳми Эмомалӣ Раҳмон – Раиси ҲХДТ дар нуфузу эътибори ҳизб маърӯзаҳо карданд.

Зикр гардид, солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, ки кишвар ба вазъи ногувори сиёсӣ дучор буд, таъсиси ҳизбе, ки ифодагари ормонҳои халқ бошад, зарур буд ва ин рисолатро ҲХДТ ба ҷо овард. ҲХДТ дар пойдории сулҳу ваҳдат ва рушду тараққиёти Тоҷикистон нақши барҷаста дошта, аъзои он, ки наздики панҷ сад ҳазор нафарро ташкил медиҳанд, бо амалисозии барномаву ҳадафҳои созандаи ҳизб дар эҳёву гул-гулшукуфии Тоҷикистони навин саҳми шоиста доранд. Имрӯз ҲХДТ ҳизби маҳбубу мардумӣ ба ҳисоб рафта, аз нуфузу эътибори волое бархурдор аст,  – таъкид гардид дар семинари омӯзишӣ.

Дар ин семинари омӯзишӣ раисону масъулони ҳизби шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон, Конибодом, Истиқлол, Бобоҷон Ғафуров, Мастчоҳ ва Ашт иштирок карданд. Зимнан, семинар дар се минтақаи вилоят ҷараён гирифта, масъулону фаъолони ҳизби дигар шаҳру навоҳиро низ фаро гирифтааст.

Минбаъд семинари омӯзишӣ моҳе ду маротиба баргузор гардида, давоми се моҳ шаш мавзӯъ баррасӣ хоҳад шуд.IMG_6775 IMG_6780 IMG_6783 IMG_6814

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>