ТОҶИКИСТОНИ ОЗОДУ СОҲИБИСТИҚЛОЛ – ВАТАНИ МАҲБУБИ ҲАМАИ МО!

Dushanbe

Мо, ҷавонони созанда ва бунёдкор ҳастем ва барои боз ҳам гул-гулшукуфии Ватани азизамон саъю талош меварзем. Имрӯзҳо ҳамаи шароитҳо барои касбомӯзӣ, дониш андӯхтан, забономӯзӣ, бо варзиш машғул шудан аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам оварда шудааст, мо бояд аз ин имконот бо дарки масъулияти баланд истифода барем. Зеро Пешвои муаззами миллат ҳамеша таъкид менамоянд, ки ҷавонон қувваи бузург ва ояндаи давлату миллатанд.

Имрӯзҳо пешниҳод, ташаббусу иқдомҳои ҷавонон дар арсаи мақомҳои баландпояи давлатӣ қабул ва дастгирӣ меёбанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки тавваҷӯҳ ва ғамхориҳо сол аз сол нисбати ҷавонон аз тарафи роҳбарияти давлат зиёд гардида истодааст.

Барои дастгирии насли ҷавону наврас мактабҳои типпи нав, донишдкадаву донишгоҳҳо, майдону мактабҳои варзишӣ бо шароитҳои зарурӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир сохта, ба истифода дода шуда истодаанд.

Барои таъмин намудани мутахассисони ҷавон бо ҷойҳои корӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадафи чаҳоруми миллӣ – саноатикунонии кишварро эълон намуданд. Ин боиси он мегардад, ки ҷойҳои нави корӣ ташкил шаванд ва хусусан ҷавонон, занону духтарон бо кори доимӣ таъмин гарданд. Ҳамин тариқ, зина ба зина некӯаҳволии халқ баланд гарида, сатҳи бекорӣ коҳиш меёбад.

Таърих гувоҳ аст, ки мардуми тоҷик бисёр рӯзҳои сахтро аз сар гузаронидааст. Хусусан ҷанги шаҳрвандӣ, ки солҳои 1992-1997 аз тарафи шахсони манфиатҷӯ ва хоинони миллат роҳандозӣ шуд, бояд сабақи таърих бошад. Ин ҷанг хисороти калон дар пай дошт ва иқтисодиёти миллиро қариб ба таназзул оварда расонид. Ҳазорҳо нафар бехонаву дар, аз фарзанду оила ҷудо ва кӯдакони бешуморро ятим гардонид.

Баҳри барқарор намудани сохти конститутсионӣ ва хомӯш намудани оташи ҷанг садҳо нафар қурбон гаштанд.

Хушбахтона, соли 1997 сулҳи деринтизор фаро расида, минбаъд марҳилаи рушду тараққиёти кишвар ба миён омад.

Мо бояд аз неъмати ваҳдат, осоиштагиву тинҷии диёр шукргузор бошем. Ва барои боз ҳам баланд бардоштани обрӯву нуфузи Ватани азизамон Тоҷикистон дар арсаи байналмилал меҳнати софдилона карда, ба наслҳои ояндаи миллат давлати пешрафтаву ободро мерос гузорем.

Зиндагии осудаву оромонаи мардуми тоҷикро хоинони миллат чашми дидан надоранд, аз ин неъмати бузург онҳо ҳасад бурда, ҷавононро ба кӯи худ мекашанд, ақидаву тафаккури онҳоро хира ва барои амалҳои нопоки худ истифода бурданӣ мешаванд. Барои пешгирии ин зуҳурот тамоми ҷомеа бояд талош варзад. Лекин, пеш аз ҳама, волидайн бояд нисбати таълиму тарбияи фаразанди хеш ҷиддӣ муносибат карда, онҳоро таҳти назорати худ қарор диҳанд, то ин ки дар оянда шахсони ватандӯсту ватанпарвар, худогоҳу худшинос,  фарзандони содиқи Ватан ба воя расида, Тоҷикистони соҳибистиқлолро боз ҳам ободу зебо гардонанд.

Қувваи мо дар мутаҳиддӣ, мутаҳиддии мо дар дӯстӣ, дӯстии мо аз меҳру муҳаббат, меҳру муҳаббати мо аз хоки муқаддаси аҷдодиамон  бояд оғоз ёбад.

 

Акбарзода Маъруф,

роҳбари ТҶҶ “Созандагони   Ватан”

дар   ноҳияи  Бобоҷон   Ғафуров

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>