НОҚОБИЛОНИ ДАҲР БА МАҚСАД НАМЕРАСАНД

42303

Байни мардум мақоле ҳаст: душман гап наёфта,гуфтааст, ки думи сагат каҷ. Ташкили  фейке бо номи “ҲХДТ” дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки аз номи он дурӯғпароканӣ мекунад, ҳамин мақоли халқиро ёдам овард.

Дар изҳороти Кумитаи марказии ҳизб, ки нисбати ин сомонаи дурӯғин интишор шудааст, мавқеи он возеҳу равшан баён гардидааст. Шояд муаллифони пасипардагии саҳифа хонандагони худро хеле соддаву зудбовар гумон кардаанд ва ё аз усули ҳанӯз дар замонаш  бадномшудаи масъули тарғиботи  рейхи сеюм – Ҳебелс, ки дар дурӯғпароканӣ, тӯҳматофаринӣ ном бароварда буд, истифода бурданӣ шудаанд. Яъне, бигзор дурӯғу бӯҳтон бошад, шояд ягон нафар соддаяке бовар мекунад.

Хушбахтона, мардуми мо сиёҳу сафедро фарқ мекунад, сухани рост ё дурӯғро ҷудо карда метавонад ва ба ин тӯҳматнома бовар намекунад, онро як иғвои навбатии “дӯстон” медонанд.

Муҳимтар аз ин, ҳизби мо давоми беш аз бисту чор соли фаъолияташ собит намуд, ки ифодагару пуштибони ормонҳои мардуми Тоҷикистон аст ва онҳо ба ҳарфи дурӯғини сомонаҳои дурӯғин бовар намекунанд.

Ҷанобони дурӯғин! Мегӯянд, зӯри беҳуда миён мешиканад ва ноқобилони даҳр ҳеҷ гоҳ ба мақсад намерасанд. Шумо ҳам умед набандед. Дар анҷом боз мақолеро аз хазинаи халқ бароятон ёдрас менамоям: Саг меҷакаду корвон меравад.

                                                                    Ҳамзира  Замонова,

                                                  мудири бахши омори КИ ҲХДТ

                                                                        дар шаҳри Панҷакент

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>