Ваҳдати миллӣ – бақои миллат

20190603_134053

Дар Муассисаи давлатии таҳсилоти томактабии №1-и ноҳияи Спитамен дар мавзӯи “Ваҳдати миллӣ – бақои миллат” соати сиёсӣ гузаронида шуд.

Мудирони бахши кор бо занон ва шӯъбаи ташкилии кумиҷроияи ноҳиявии ҲХДТ Дилфуза Саидхӯҷаева ва Хайём Фарсоев аз арзишҳои волои зиндагӣ – сулҳу ваҳдат ёдовар шуда, онро беҳтарин неъмати зиндагӣ арзёбӣ карданд.

Саҳми арзандаи Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои даст ёфтан ба ваҳдату ягонагӣ махсус таъкид карда шуд.

Ҳини вохӯрӣ бо мураббиён зикр шуд, ки онҳо тарбиятгари насли наврас буда, кӯдаконро дар рӯҳияи ватандӯстиву меҳру муҳаббат нисбат миллат ва шукргузорӣ аз неъмати сулҳу субот бояд тарбия намоянд. Дар анҷоми мулоқот ёздаҳ нафар кормандони муассиса ба сафи ҲХДТ пазируфта, ба онҳо шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>