«Фуруғи субҳи доноӣ…»

IMG_5868

Дар маҷлисгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов озмуни минтақавии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» баргузор гардид. Хонандагони муассисаҳои Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз аз рӯи номинатсияҳои аз ёд кардану хондани осори адибони классику муосир ва адабиёти ҷаҳон, қироати ашъори бачагона ва афсонаву ривоятҳои халқӣ байни ҳам қувваозмоӣ намуданд. Хонандагон аз эъҷодиёти шоирону нависандагон ғазал, достону қасида, шеъру ҳикояҳо хонда, санъату маҳорати суханварии худро нишон доданд.

Озмуни минтақавии «Фуруғи субҳи доноӣ…» нишон дод, ки хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз завқи баландӣ китобхонӣ доранд ва ба ин озмун бо тайёрии хуб омаданд. Иштирокчиёни фаъоли озмун ба даври ноҳиявӣ роҳхат гирифтанд.

Ёдовар мешавем, ки озмуни мазкур таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён дорад. Мақсади он баланд бардоштани завқи китобхонӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ ва таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ маҳсуб мешавад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>