Насли ҷавонро дур аз маҳалгароӣ тарбия намоем!

LOGO

Тоҷикистони азизи мо баъди вазъияти мушкили сиёсие, ки дар оғози солҳои 90-уми асри гузашта дар кишвари мо ба вуҷуд омада, мусибатҳои зиёдеро ба сари миллат овард, бо сарварии Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи раҳоӣ аз ин мушкилиҳо дарёфт карда шуд ва миллат аз гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ берун омад. Вақте миллат мутаҳҳиду ягона аст, пас, давлат тараққӣ мекунад, ободу шукуфон мегардад.

Имрӯз, миллатҳое гуногуне, ки дар гӯшаву канори кишвари мо зиндагӣ доранд дар атрофи сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъ омадаву баҳри тинчиву амонӣ, якпорчагии Тоҷикистони азиз заҳмат мекашанд. Аммо, дар ҷомеа шахсоне ёфт мешаванд, ки ин сарҷамъии миллатро чашми дидан надоранд. Душманони миллати мо дар дохили кишвар ё хориҷи кишвар қарор гирифта, ҷавонони моро бо ҳар роҳ ба доми худ мекашанд, бо ҳар роҳ мехоҳанд ҷавононро ба гирдиҳамоиву дигар зуҳуроти номатлуб даъват намоянд. Мо вақте аз ин гирудорҳои душманони миллат раҳоӣ меёбем, ки муттаҳиду ягона бошем. Аз ин рӯ, мо бояд аз маҳалгароӣ, ки зуҳуроти манфӣ мебошад, худдорӣ намоем, барои якпорчагии кишварамон, сарҷамъии миллатамон ҳама якҷоя кӯшиш намоем. Мо зиёиёнро лозим аст, ки ба насли ҷавону наврас оид ба оқибатҳои бади маҳалгароӣ сӯҳбатҳои муфид ороста, онҳоро дар руҳияи ватандустӣ тарбият намоем. Мо бояд ҳамеша барои ҳифзи сулҳу осоиштагии кишвар, ваҳдати миллӣ дар талош бошем ва нагузорем, ки нақшаҳои ғаразноки душманони миллат амалӣ гарданд.

Устодони кафедраи

анализи математикии ба номи

профессор А. Мӯҳсинов

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>