Семинари омӯзишӣ бо ҳизбиёни водии Зарафшон

111

Имрӯз дар шаҳри Панҷакент семинари омӯзишӣ таҳти унвони «Сомонаҳои интернетӣ ва усулҳои истифода аз он» доир гардид. Семинари мазкур бо ташаббуси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд доир шуда, ба он мутахассисону коршиносони варзида ҷалб гардидаанд.

Дар семинар масъулини кумиҷроия ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ иштирок карданд.

Омӯзгорони семинар коршиносон ва мутахассисони варзидаи ВАО Илҳоми Ҷамолиён ва Саидумрон Саидов доир ба усулҳои муосири истифодаи сомона ва шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ ва тақвият бахшидани фаъолият дар ин самт бо иштирокчиён машғулиятҳои омӯзишӣ гузарониданд. Дар ин машғулиятҳо, ки ба таври интерактивӣ ва хеле ҷолиб сурат гирифтанд,  аз маводу аёниятҳо фаровон истифода бурда шуданд. Бо дарки он, ки истифодаи бамавриду ҳадафраси сомона ва шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ ба фаъолияти ҳизбӣ мусоидат хоҳад намуд, иштирокчиёни семинари омӯзишӣ дар рафти он хеле фаъол буданд.

Хотирасон мекунем, ки қаблан чунин семинар дар дигар минтақаҳои вилоят низ баргузор гардида, ҳадафи он тақвият бахшидани фаъолияти ҳизбӣ ва табодули таҷриба мебошад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>