Баррасии масоили мубрами рӯз

Б.Г

Дар маҳаллаи Соҳилоб ва ташкилоти ибтидоии “Бахт”-и Ҷамоати деҳоти Хистеварз мулоқот доир шуд. Ин мулоқотро Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров якҷоя бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи мазкур ташкил намуда, масъалаҳои муҳими ҳаёти имрӯзаро дар бар гирифт. 

Аъзои гурӯҳи тарғиботии вилоятӣ, Раиси Шӯрои уламои дини вилоят Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода, мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Халифаёр П., мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва кор бо занони кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ Солиева М. ва муовини озоди раиси КИИ ҲХДТ дар минтақаи Хистеварз Ҷӯраева М. иштирок ва суханронӣ намуданд.

Баромадчиён доири масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла, татбиқи Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ, тақвият бахшидани фаъолият дар робита ба солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, вусъат бахшидани корҳои ободонию бунёдкорӣ ба истиқболи сазовори 30–солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, пешгирии ҳолатҳои бекоршавии ақди никоҳ, шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро ва ғайра суханронӣ карданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>