“Гулшани иқбол” – ташкилоти нави ҳизбӣ

IMG_20190611_140824

Дар маҳаллаи Ҷомии маркази шаҳри Исфара ташкилоти ибтидоии ҲХДТ бо номи “Гулшани иқбол” таъсис ёфт.

Аз ташкилоти нав 25 нафар омӯзгорон ва сокинони маҳалла ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қабул гардида, Марсурбек Азизов, директори литсейи №1 раиси ташкилоти ибтидоӣ интихоб шуд.

Муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара Обидбой Аҳмадов оиди ҳадафҳои барномавии ҳизб дар марҳилаи рушди кишвар маълумот дода, ҳизбиёнро, ки аксарашон дар рушду нумӯи маорифи кишвар саҳми хоса доранд, барои ноил шудан ба дастовардҳои боз ҳам назаррас даъват кард.

Мудири бахши кор бо занони КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара Фотимахон Тоҷибоева занони ҳизбиро ба вусъати таблиғи сулҳу ваҳдат миёни занони хонанишин даъват кард.

Сокинон таъсиси ташкилоти нави ҳизбиро дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ фолу иқдоми нек шумориданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>