Тарғиби дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ

Зафаробод

Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод якҷоя бо аъзои фаъоли ТҶҶ «Созандагони Ватан» иқдоми тарғиботӣ гузарониданд.

Тарғибгарон бо худ мусаввара ва варақаҳое, ки тарғибгари дастовардҳои арзишманди даврони соҳибистиқлолии кишвар мебошанд, гирифта, дар кӯчаю бозор ва ташкилоту корхонаҳо бо мардуми касбу кори гуногун мулоқот намуданд ва мусаввараҳои тарғиботӣ паҳн карда шуданд.

Гурӯҳи тарғиботӣ қайд кардаанд, ки дар меҳвари ноил гардидан ба натиҷаҳои файзбору шоиста заҳмату ҳидоятҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор мегирад. Тарғиби заҳмату ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат дар бунёди Тоҷикистони навин  вазифаи муқаддаси ҳизбиён аст.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>