Узви ҲХДТ будан шарафу ифтихор аст!

IMG_20190610_130548

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 48-и Ҷамоати деҳоти ба номи Раҷаб Ҳамробоеви шаҳри Конибодом мулоқот доир шуд. Ин вохӯрӣ дар доираи чорабиниҳо бахшида ба 25-умин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардида, зимни он аз таърихи ташкилёбӣ, нақши он дар таҳкими давлатдории навин ва ҳадафу ғояҳои созандаи ҳизб ҳарф заданд.
Мудири шӯъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Фирӯза Шерматова зикр кард, ки дар устувории мақому манзалати ҲХДТ нақши Роҳбари он, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузург аст.
Омӯзгорони муассиса, ки аксаран аъзоёни ҲХДТ мебошанд, аз татбиқи барномаҳои ҳизбӣ дар ҷодаи маориф ҳарф заданд. Дар охир ба чанде аз омӯзгорони фаъоли муассиса шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супурда шуд. Омӯзгорон таъкид карданд, ки узви ҲХДТ будан ифтихору сарбаландӣ ва шараф аст.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>