Вохӯрӣ дар мавзӯи доғи рӯз

1

Имрӯз намояндагони КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд бо хонандагони синфҳои болоии гимназияи №1-и шаҳр мулоқот доир карданд. Мавзӯи мулоқот пешгирии ҷавонон аз гароиш ба ҷараёну равияҳои номатлуб буд. Зикр гардид, ки терроризм ва экстремизм ба яке аз масъалаҳои доғи ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, пешгирӣ аз онҳо омили пойдории сулҳу субот аст. Мутаассифона, иддае аз ҷавонон пойбанди гурӯҳу ҳаракатҳои иртиҷоӣ гашта, ҳаёти худу пайвандони хешро хира месозанд. “Мо бояд фахр намоем, ки чунин ватани ободу зебо дорем, бояд сулҳи бегазанди мо то абад пойдор бошад”, — гуфт зимни ин вохӯрӣ Олимҷон Норматов, мудири шӯъбаи ҷавонони кумиҷроияи шаҳрӣ.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>