Ҳизбиён бояд намуна бошанд

DSCF8222

Баланд бардоштани масъулияти ҳизбӣ, риояи талаботҳои оинномавию барномавӣ, ширкати фаъолона дар чорабиниҳои ҳизбиву ҷамъиятӣ аз масъалаҳое буданд, ки зимни як чорабинӣ дар ташкилоти ибтидоии ба номи «Ворисон»-и кумитаи иҷроияи ибтидоии ба номи Осимӣ матраҳ шуданд.

Ҷонишини раиси кумитаи иҷроияи ибтидоӣ Хайринисо Темурова зимни баромади хеш таъкид дошт, ки бояд ҳизбиён дар ҳама самт бо дониш ва рафтори хуб намуна бошанд. Бо дониши мукаммали сиёсӣ мусаллаҳ шуда, барои таблиғи дастовардҳои даврони навини истиқлолият саъй варзанд. Риояи одоби муоширату муносибати хуб, ки ҷузъи фарҳанги бойи миллатамон маҳсуб мешавад, ҳизбиёнро миёни ҷомеа соҳибобрӯ мегардонад.

Мавсуф дар идомаи суханронии худ оид ба низоми ҳуҷҷатгузорӣ дар ташкилотҳои ибтидоии кумиҷроия, пардохти саривақтии аъзоҳаққӣ, раванди ҳаракати аъзоён, ҷалби аъзои нав ба ташкилотҳои ибтидоӣ сухан кард. Гуфта шуд, ки таҳти сарварии раиси кумитаи иҷроияи ибтидоӣ, номзади илмҳои техникӣ Саидӣ Дилафрӯз Раббизода ба масъалаи таҳкими  фаъолияти ҳизб дар кумиҷроияи ибтидоӣ диққати хосса дода шуда, алҳол дар назди 5 ташкилоти ибтидоӣ – «Ворисон», «Иқтисодчӣ», «Гулдаст», «Тироз» ва «Меъмор» 1203 нафар аъзо ба қайд гирифта шуданд, ки аз ин шумор 257 нафарро омӯзгорон ташкил мекунанд.

Дар идомаи чорабинӣ Хайринисо Темурова эълон дошт, ки бо мақсади сазовор таҷлил намудани 22 – солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ кумиҷроияи шаҳрӣ тасмим гирифтааст, ки озмуни рассоми беҳтарин ва иншои беҳтаринро доир намояд. Ӯ аз ҷомеаи меҳнатии кумиҷроияи ибтидоӣ даъват ба амал овард, ки дар ин чорабинии муҳим ширкати фаъолона намоянд

Дар вазъияти тантанавӣ ба чанде аз аъзои нав шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>