«Ваҳдат – сарчашмаи сулҳу субот»

1

Таҳти ин унвон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12-и шаҳри Хуҷанд мизи мудаввар баргузор гардид.

“Имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ва даст ёфтан ба сулҳи пойдор аз муҳимтарин воқеаҳои даврони соҳибистиқлолӣ маҳсуб мегардад. Зеро ин санади муҳиму таърихӣ ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшида, дар фазои сулҳу озодӣ ба марҳилаи нави давлатдорӣ замина гузошта шуд” – таъкид кард муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Муҳаббат Ӯрунбоева зимни ин мизи мудаввар.

Дар мизи мудаввар Зулфия Умарова – котиби кумитаи иҷроияи ибтидоии “Истиқлол” дар мавзӯи “Ваҳдат – беҳтарин дастоварди истиқлолият” ва аъзои ҲХДТ аз ташкилоти ибтидоии Абдураҳмони Ҷомӣ дар мавзӯи “Ваҳдат – сарчашмаи сулҳу суботи кишвар” маърӯза намуданд.

Дар ҷамъбасти чорабинӣ иштирокчиён аз ташкилотҳои ибтидоии Наврӯзгоҳ , Марворид, Аловиддин Бобоев оиди сулҳу суботи кишвар ва нақши Пешвои миллат дар барқарору пойдории он сухан карданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>