Амалҳои омӯзишӣ ва дастурдиҳӣ дар ташкилотҳои ибтидоӣ

БӮСТОН. Дар доираи омодагӣ ба баргузор намудани Конференсияҳои  ҳисоботӣ — интихоботии кумитаи иҷроия дар ташкилотҳои ибтидоии  кумиҷроияи шаҳри Бӯстон корҳои омӯзишӣ, санҷишӣ ва дастурдиҳӣ  ба роҳ монда шудааст. Дар рафти  корҳои санҷишӣ ҳуҷҷатгузории ташкилотҳои ибтидоӣ аз ҷумла, риояи талаботҳои бақайдгирии аъзоён тибқи Низомнома дар  китобҳои алоҳида,  рафти кор бо занон ва ҷавонони ташкилотҳои ибтидоӣ роҳандозӣ мегардад. Ҳамчунин, аз ҷониби кормадони кумиҷроияи шаҳрӣ интизоми ҳизбӣ,  риояи тартиби супоридани ҳаққи аъзогӣ, ширкат варзидан дар чорабиниҳои  ҳизбӣ,  фаъолнокии аъзоён дар самти амалӣ гаштани  сиёсати  ҳамаҷонибаи ҳизб корҳои омӯзишӣ  гузаронида мешаванд. Оиди  риояи талаботҳои  қабул, қатъ ва боздоштани узвияти ҳизб  тибқи қарори ташкилоти  ибтидоӣ ва ба расмият даровардани онҳо дар асоси боби 3.2. Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дастурҳои муфассал дода  мешаванд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>