Зуҳури нерӯи ташкилотҳои ибтидоӣ

IMG_20190612_113733

35 нафар раисони ташкилотҳои ибтидоӣ ва сарварони гурӯҳҳои ҳизбии кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ дар Беморхонаи марказии шаҳри Исфара, ки беш аз 1200 нафар ҳизбиёнро муттаҳид намудааст, ба машварати омӯзишӣ гирд омада, ҳадафҳои барномавӣ ва талаботҳои оинномавии ҳизбро мавриди омӯзишу баҳрабардорӣ қарор доданд.

Муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара Обидбой Аҳмадов сарварони ҳизбиро ба рафти амалигашти муҳимтарин дастуроти Анҷумани Х11 ҲХДТ,  Барномаи пешазинтихоботии ҳизб (муҳимтарин самтҳои рушди мамлакат дар солҳои 2015-2020) ва ҷаласаи КИМ ҲХДТ аз 07-уми феврали соли 2019 шинос намуда, ҳизбиёнро дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба такмилу тарғиби ғояҳои сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, сарҷамъиву ваҳдати миллӣ, волоияти қонун даъват кард.

Мудири шӯъбаи ташкилии КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара Тӯлахон Низомидинова роҳҳои ташаккули тартиби бақайдгирӣ, қабул ва тарзу услубҳои корҳои дохилиҳизбиро мутобиқ ба талаботҳои низомномаҳои ҳизбӣ шарҳ дод.

Ташкилотчии ҳизбии КИИ беморхонаи марказии шаҳр Саидахон Ӯлмасова аз болоравии нуфузи ҲХДТ байни табибон изҳори андеша карда, мужда расонид, ки ба истиқболи Рӯзи Ваҳдати миллӣ 100 нафар кормандони ҷавони беморхонаи мазкур барои шомил шудан ба сафи ҲХДТ муроҷиат карданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>