ҒОЛИБОН ҚАДРДОНӢ ШУДАНД

23

Санаи 11 июни соли ҷорӣ дар МТМУ №11 вохӯрии кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Масчо бо хонандагони синфи болоии муассиса ва муаллимону муаллимаҳо баргузор гардид.

Сараввал директори муассиса Шарофатмо Иброҳимова ҷамъомадро ифтитоҳ намуда, сабаби баргузории чорабиниро ки барои ҷамъбасти озмуни «Рассоми беҳтарин», ки бахшида ба рӯзи ҷавонон ва арафаи рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор гардида буд, баён намуд.

Мавсуф зимни суханронии худ миннатдории хешро ба раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ, ки бевосита бо дастуру супоришҳои ғамхоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастгирӣ меёбанд, расонида, иброз дошт, ки: “ҲХДТ яке аз ҳизбҳои пурнуфуз ва ғамхори ҷомеаи имрӯзу фардои миллати тоҷик ба ҳисоб меравад”.

Сипас Баҳодурзода Мавҷуда мудири бахши кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Масчо ғолибони озмунро табрик намуда, зикр кард, ки ин ҳама дастоварду муваффақияти мо бо талоши шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаву имрӯз бояд ҳар як сокини кишвар ба қадри чунин заҳмату ғамхориҳои Пешвои миллат бирасем.

Дар идомаи барнома ғолибони озмун: хонандаи синфи 7 Назарова Хиромон ҷойи аввал ва хонандаи синфи 9 Абдулова Заррина сазовори ҷойи дуюм бо туҳфаҳо ва Ифтихорнома қадрдонӣ карда шуданд.

Дар поёни ҷамъомад ба омӯзгороне, ки нав ба сафи ҲХДТ шомил шудаанд шаҳодатномаи ҳизбӣ, тақдим карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>