Дар Кӯҳистони Мастчоҳ барои кумиҷроияи ҳизбӣ бино месозанд

20190612_092508

Дар шаҳраки Меҳрон – маркази ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ барои кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб бино бунёд мекунанд.

Сохтмони бинои маъмурии ҳизб бо ташаббусу дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва аъзову ҷонибдорони ҲХДТ шурӯъ гардид.

Тасмим аст дар фурсатҳои наздик ва бо сатҳу сифати баланд биноро бунёд намуда, барои боз ҳам беҳтар гардидани фаъолияти ҳизбӣ замина гузоранд.

Тазаккур бояд дод, ки таъмини кумитаҳои иҷроияи ҳизби шаҳру навоҳӣ бо бинои худӣ аз дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ гирифта, аз ҷониби мақомотҳои маҳаллӣ ва аъзову ҷонибдорони ҲХДТ пуштибонии комил ёфтааст.

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>