Мулоқот бо ҷавонони Обшорон

20190607_095146

Пешгирӣ аз хатари гароиш ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро,  тарбияи фарзандон дар рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, ташвиқи ҷавонон ба саҳмгузорӣ дар иҷрои тарҳҳои бузург, ки ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти кишвар ва 5500-солагии бостоншаҳри Саразм пешбинӣ шудаанд, аз мавзӯъҳое буданд, ки зимни вохӯрӣ дар маҳаллаи Обшорони шаҳри Панҷакент баррасӣ гардиданд.

Мудири шӯъбаи кор бо ҷавонони кумиҷроияи шаҳрӣ Мавлуда Тоҷиева ҷавононро ба гиромидошти арзишҳои миллӣ, саҳмгузорӣ дар корҳои ободониву созандагии диёр ҳидоят кард.

Маҳаллаи Обшорон аз минтақаҳои навбунёди шаҳри Панҷакент буда ва он ҷо асосан ҷавонон маскун шудаанд.

Мулоқот бо ҷавонони маҳалла бо боздид аз ёдгории асрҳои 5-7-и милодӣ – шаҳраки Панҷакенти қадим, ки паҳлӯи маҳалла ҷойгир аст, анҷом ёфт.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>