Амният, оромӣ ва рушди устувор ҳамрадифанд

27

Дар Қасри фарҳанги Ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ бо имомхатибон, раисони маҳаллаҳо, вакилону фаъолон ва ҷавонон вохӯрӣ доир шуд.

Муллосоқӣ Атовуллозода, муовини аввали раиси ноҳияи Мастчоҳ вохӯриро ҳусни оғоз бахшида, таъкид кард, огоҳ кардани ҷомеа аз ниятҳои нопоки гурӯҳҳо ва афроди алоҳида, ки мақсадашон ноором кардани ҷомеа ва пиёда намудани аҳдофи ғаразнок мебошад, зарур аст.

Дилшод Зокиров, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ зимни баромади худ доир ба роҳҳои замонавию натиҷабахши мубориза бо ифротгароӣ ва пешгирӣ намудани шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ибрози назар кард.
Подполковник Суҳроб Музайлиев, сардори шӯъбаи КДАМ дар ноҳияи Мастчоҳ оид ба сабабу омилҳои гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, оқибати ҷинояту ҷинояткорӣ, ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти мубориза бо тероризм, саҳми бузургу беназири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар истиқрори сулҳу ваҳдат ва амнияту рушди кишвар сухан гуфта, иштирокчиёнро ба аз даст надодани зиракии сиёсӣ даъват кард.
Сипас, сӯҳбати озоду самимии баромадкунандагон бо аҳли нишаст баргузор шуд, ки зимни он сокинон ба пурсишҳои худ посухҳои дақиқу мушаххас гирифтанд.28

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>