Устоди аввалини фарзанд – падару модар

БОБОҶОН ҒАФУРОВ. Бахши кор бо занони кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ дар ҳамбастагӣ бо шӯъбаи кор бо занони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷиҳати амалигардонии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз суханрониашон дар Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Марказӣ аз санаи 5 январи соли 2015 бармеояд, пешгирии ҳодисаҳои номатлуб бо модарони хонандагони синни калони мактабӣ вохӯриҳои судманд гузарониданд. Аз ҷумла, рузи гузашта дар толори МТМУ №23 ҷамоати деҳоти Ҳ.Усмонов чунин мулоқот баргузор гардид. Дар он зиёда аз 150 нафар модарон иштирок карданд. Муовини директор оид ба корҳои тарбиявии мактаб Муяссара Бобохӯҷаева чорабиниро оғоз намуда, аҳли нишастро бо ҳадафи асосии он шинос намуд. Сипас, мудири бахши кор бо занони кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Мирпоччоева М, мудири шӯъбаи кор бо занони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Бобоева Д ва сармутахассиси ҷамоат Маҳмудова М зимни суханрониашон бобати раванди амалигардонии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо», «Дар бораи пешгирии зӯровари дар оила», риояи фарҳанги сару либоси миллӣ, омода намудани наврасону ҷавонон ба ҳаёти мустақилона, донишандӯзӣ ва касбомӯзии насли наврас истода гузаштанд. Сармутахассис оид ба ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияи давлати ноҳия Дӯстматов А доир ба таъсири манфии истифодаи телефони мобилӣ, даст ба ҷиноят задани ноболиғон ҳатто духтарон, эътибори ҷиддӣ додан ба тарбияи фарзанд баромад кард. Дар охир чанде аз ҳозирин ба саволҳои хеш посух гирифтанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>