Зиндагии пурсаодат аз ваҳдат аст!

20190611_165210

Дар муассисаи умумитаълимии №3-и ноҳияи Спитамен дар мавзӯи “Ҳизби ман – ифтихори ман” чорабинӣ гузаронида шуд.

Ин чорабинӣ ба муносибати 25-умин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва ҷашни Ваҳдати миллӣ доир гардид.

Мудири бахши кор бо занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен Дилфуза Саидхӯҷаева гуфт, ки ҲХДТ дар як даврони ҳассоси таърих таъсис ёфта, ҳадафаш аз рӯзҳои аввал таъмини рушди босуботи сиёсӣ, зиндагии осоиштаву шоистаи халқ ва пеш аз ҳама, ваҳдату ягонагӣ буд.

Мудири шӯъбаи ташикилии кумиҷроияи ноҳия Хайём Фарсоев дар баромадаш қайд кард, ки баъди имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ марҳалаи нави рушду пешрафти мамлакат шурӯъ гардида, бо саъю талоши Пешвои миллат ва мардуми шарифу меҳнатқарин дар муддати кӯтоҳ вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ беҳбуд ва халқ осоишу зиндагияшон пурсаодат гардид.

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>