«Терроризм ва экстремизм – хатаре ба ҷомеаи ҷаҳонӣ»

20190612_132117

Таҳти ин унвон дар толори Гимназияи №1-и ноҳияи Ҷаббор Расулов вохӯрӣ доир шуд. Дар он фаъолони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, хонандагони синфҳои болоӣ, падару модарон ва омӯзгорони муассисаҳо иштирок карданд.

Сардори Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Мубориз Навбаҳоров доир ба баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии насли наврасу ҷавон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ҳарф зад.

Абдуҷалил Шодиев, мудири шӯъбаи маорифи ноҳия бошад перомуни ҳифзи истиқлолияту озодӣ, мубориза алайҳи терроризму экстремизм, риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» андешаҳояшро иброз дошт.

Вобаста ба тарбияи ҷавонон бо ахлоқи ҳамидаву эҳсоси баланди ватанпарастиву худогоҳии миллӣ, истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ Умарзода Ботирҷон – муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия суханронӣ намуд.

Дар охири вохӯрӣ вобаста ба масъалаҳои баррасишуда миёни баромадкунандагону иштирокчиён саволу ҷавоб сурат гирифт.

Ҳамингуна мулоқот дар Ҷамоати деҳоти Сомониёни ноҳия низ сурат гирифт. Дар он сардори Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Мубориз Навбаҳоров, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Одилзода Рустам ва сармутахассиси бахш оид ба корҳои дини мақомоти иҷроия Руслан Ҷӯраев иштирок ва суханронӣ намуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>