Об – сарвати бебаҳост

СПИТАМЕН. Имрӯз, сармутахассиси самти ҷавонони кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен, Муҳитдинова Умидахон ва намояндагони фаъоли ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар асоси нақшаи корӣ,   дар пояи ташкилоти ибтидоии «ЛКТ №68»  гирди мавзӯи «Об сарвати бебаҳост ва бояд ба ҳама дастрас бошад»,  бо истифодаи намоиши слайдҳо ва иштироки зиёда аз 60 нафар ҷавондухтарону ҷавонписарон «Нишасти ҷавонон»-ро  баргузор намуд. Ҷонибдорӣ гардидани пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  Даҳсолаи байналмиллали амал «Об барои рушди устувор» ва корҳое, ки дар доираи он амалӣ мегарданд, метавонад барои рушди мамлакатҳо мусоидат намояд ва дар ин  мавзӯ мутахассиси кумитаи иҷроия Обидҷонова Фарзона бо истифодаи намоиши слайдҳо баромад намуд. Обидҷонова Фарзона дар баромадаш қайд намуд, ки дар ҳаёт чор унсур муқаддасанд: об, хок, оташ, бод, ки тамоми мавҷуддоти олам ба онҳо эҳтиёҷ доранд. Тоза нигоҳ доштани об ва муқаддас шумурдани он, қиммат донистани ҳар қатраи ин мӯъҷизаи бузург қарзи ҳар як инсони асил аст, зеро об на танҳо ҳамчун манбаи ободӣ, балки маҳзани нуру рӯшноӣ ва маҳсули шодиҳои олами ҳастӣ мебошад. Сипас, сармутахассиси самти ҷавонон ва иттиллооти кумитаи иҷроия Муҳитдинова Умидахон аз суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Роҳбари бохиради ҲХДТ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки нисбати ҷавонон гуфтаанд ба ҷавонон муроҷиат намуда гуфт: «Танҳо ҷавонони солиму бардам, тавонову қавӣ ва далеру шуҷоъ меҳру муҳаббати Ватанро қадр карда, бо рӯҳияи баланди худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву ватанпарварӣ амнияту оромӣ ва суботи комил кишварро муҳофизат карда метавонад». Роҷеъ, аз фаъолияти ТҶҶ «Созандагони Ватан» маълумот дода ҳамаи ҷавононро барои иштирок дар чорабиниҳои рӯзҳои Созандагони Ватан даъват намуд. Дар «Нишасти ҷавонон» намояндаи фаъоли ТҶҶ «Созандагони Ватан», мушовири китобхонаи марказии ноҳиявии ба номи Камоли Хуҷандӣ Раҷабова Азизахон бо маводҳо оиди Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор», китобҳо, дастурамалҳо суханронӣ намуда ҷавононро ба китобхонию китобдӯстӣ таклиф намуд.   Дар фарҷом мудири шӯъбаи ташкилии кумитаи иҷроия Болтуева Вилоят «Нишасти ҷавонон»-ро дар баробари масъалаҳои ҳалталаби вобаста ба ҳифзу истифодаи оқилонаи об ҷамъбаст намуда  то санаи 27 апрели соли ҷорӣ озмуни деворанигори беҳтарин дар мавзӯи «Об сарвати бебаҳост ва бояд ба ҳама дастрас бошад»-ро эълон намуд. Дар рафти «Нишасти ҷавонон» иштироккунандагон фаъол гашта  ташаббусу орзуҳои худро иброз намуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>