Маҳфили «Муборизон»

ҶАББОР РАСУЛОВ. Дар маҷлисгоҳи МТМУ №16-и ноҳияи Ҷаббор Расулов тибқи нақшаи шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ва шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд, маҳфили «Муборизон» оиди пешгирии ҳодисаҳои номатлуби худкушию худсӯзӣ, нашъамандию нашъаҷаллобӣ, даллагию фоҳишагӣ дар байни духтарон вохӯрӣ доир гардид. Дар вохӯрӣ номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ  мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Раҳимӣ Фирӯзахон Маъруфзода, мудири шуъбаи кор бо занони КИН ҲХДТ Рустамзода Қумринисо, аъзоёни фаъоли Шӯрои занони КИВ ҲХДТ Раҳимова Хайринисо, Раҷабова Зулфия, мудири шуъбаи кор бо занони МИМҲД ноҳия Каримова Марҳамат Набиевна, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Рӯзиева Башорат Умаровна ва сарвари муассисаи таълимӣ Атахонова Муқаддас Файзиевна иштирок ва суханронӣ карданд. Номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ  мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Раҳимӣ Фирӯзахон Маъруфзода оиди пешгирии ҳодисаҳои номатлуби худкушию худсӯзӣ, нашъамандию нашъаҷаллобӣ, даллагию фоҳишагӣ дар байни духтарон баромад намуда зикр кард, ки: Зан сарчашмаи ҳаёт мебошад, зан муқаддас аст, зеро ки Президенти кишварамон Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаққи модарон чунин гуфтаанд: «То даме, ки Шумо модарон, дар сари гаҳвораи миллати тоҷик ҳастед, ин миллат озод, ин кишвар обод ва ин давлат пойдор хоҳад буд». Бинобар ин мо занону духтаронро зарур аст, ки ба номи пуршарафи зан-модар сазовор бошем. Мутаасифона, вақтҳои охир дар байни занону духтарон нафароне пайдо шудаанд, ки ба ҷинояткорӣ даст мезананд ва ба ному шаъну шарафи зан-модар доғ меоранд. Ин ба шаъни мо занону духтарони тоҷик намезебад. Моро зарур аст, ки корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни занону духтарон пурзур намоем ва пеши роҳи ҷинояткориро гирем.  Дар охир саволу ҷавоб доир гардид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>