БАҚОИ МИЛЛАТ АЗ ВАҲДАТ АСТ

image-300x300

Мардуми кишвар ҳамасола яке аз ҷашнҳои арзишмандтарин – Рӯзи ваҳдати миллиро бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн мегиранд. Аз он рӯзе, ки  ба Созишномаи сулҳ ва истиқрори миллӣ имзо гузошта шуд, имсол 22 сол сипарӣ гардид. Ин рӯзи фархунда барои мо аз он ҷиҳат бисёр азизу муътабар аст, ки маҳз дар он лаҳзаҳои ҳассоси таърихӣ бо ташаббусу талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон созишномаи мазкур имзо гардид. Ва ин имкон дод, ки дар кишвар сулҳу субот ва тинҷию оромӣ бебозгашт барқарор гардад. Мо имрӯз аз равзанаи асрии XXI ба воқеаҳои охири асри XX назар мекунему ба хубӣ дарк менамоем, ки ҳусни тафоҳуми бародаронаи тарафҳои даргир, ки санаи 27 июни соли 1997  ба даст омад, қадами таърихӣ ба сӯи ояндаи дурахшон буд.
Дар паси ҳар қадами ба сӯи созиш гузошташуда ҷонбозиҳои халқ барои истиқлолу якпорчагӣ,  кӯшишу ғайрати фарзандони фарзонаи миллат, талошҳои бузурги маънавӣ ҷилвагар буд.
Дар лаҳзаҳое, ки тақдири давлати миллии тоҷикон, қисмати халқ ҳал мешуд, ба арсаи сиёсат шахсе омад, ки дарди миллатро ба худ қабул намуда, рисолати вазнину наҷотбахшро бар дӯш гирифт, дар зулмоти кинаву адолат ва муборизаҳои бесарусомон  чароғи ҳамдигарбахшиву таҳаммул ва сулҳро  фурӯзон кард ва меъмори сулҳи тоҷикон эътироф гашт.
Халқи Тоҷикистон бо  сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз имтиҳони садоқат, имон ва талоши суботу оромӣ сарбаландона гузашт.  Муқовимати сиёсиро бо ризоияту таҳаммул ба  анҷом  расонида мисоли камназири ҳалли мусолиҳатомези ҷанги шаҳрвандиро ба ҷаҳониён нишон дод. Метавонем гӯем, ки он солҳо Ҳукумату халқи Тоҷикистон дар қӯраи таърих обутоб  ёфтанд, қадам ба қадам сӯи бунёди ҷомеаи босаодат талош  варзиданд. Ислоҳоти бунёдии иқтисодиёт, таҳаввулоти сиёсӣ, дигаргуниҳои маънавию фарҳангӣ, боварию эътимоди мардумро ба фардои  созанда қавитар гардонд. Дар раванди истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон фарҳанги нави сулҳ ва таҳаммулпазирӣ тавлид ёфт. Касе наметавонад инкор кунад, ки сулҳу ваҳдат зодаи афкори   башардӯстона ва тинати мунаввари халқи мо аст.
Ҳамзамон дар сулҳи тоҷикон омили байналхалқӣ ҳам нақши муассир дошт. Давлатҳои ба мо дӯст Федератсияи Русия, Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистону Қазоқистон, Қирғизистону Туркманистон, Эрону Афғонистон, Покистон ва ғайра дар он рӯзҳои вазнин бо мо буданд, барои гуфтушуниди тарафҳо шароит фароҳам оварданд, бо дастгирии ҳаматарафаи сиёсӣ ба мусолиҳаи миллӣ мусоидат намуданд. Мардуми миннатпазири мо ҳаргиз ин хизмати бародаронаро фаромӯш намекунад. Меваи ширини ваҳдат омоли созандаи халқ аст. Дар кӯтоҳтарин муддат Тоҷикистон дар ин ҷода ҷаҳиши бузурге ба амал овард. Пайкори созандагӣ – бунёди иншоотҳои   гидроэнергетикӣ, шоҳроҳҳои азим, муассисаҳои иҷтимоиву фарҳангиро дарбар гирифт.
Тоҷикистон имкон дорад, ки бо ин ҳама дастовардҳо ва  руҳбаландиву иродаи қавии халқ дар даҳсолаи аввали асри XXI ба яке аз мамлакатҳои пешқадами Осиёи Марказӣ табдил ёбад. Сулҳ ба кишвари мо имконият дод, ки дар арсаи ҷаҳонӣ эътибору нуфузи бештар пайдо намояд, ҳамчун давлати сулҳхоҳу ваҳдатофарин эътироф гардад. Саҳми Тоҷикистон дар ҳаллу баррасии муаммоҳои глобалии ҷаҳонӣ, густариши равобиту дӯстии халқҳо ба маротиб афзуд.
Тӯли ин солҳо мо натанҳо иқтисоди миллиро пеш бурдем, балки дар тинати ҳар як сокини кишвар эҳсоси худшиносии миллиро боло бурдем. Чандин ҷашнвораҳои сатҳи байналмилалӣ аз қабили 1100 – солагии давлатдории Сомониён, Соли тамаддуни Ориёӣ, ёдкарди шоирону алломагон Тоҷикистонро чун меросбарони бузурги фарҳангӣ ба ҷаҳониён муаррифӣ шуд. Дар ин росто дар вилояти Суғд азнавсозию мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани Маҷмаи таърихию фарҳангии ба номи К. Хуҷандӣ ва қомат афрохтани мақбараи рамзии шоири классики тоҷик Камоли Хуҷандӣ ва осорхонаи он. Таъсиси Муассисаи давлатии «Марказии илмии Камоли Хуҷандӣ дар шафати ин маҷмаа.  Бунёди маҷмааи таърихӣ-фарҳангии Нақибхон Туғрал дар зодгоҳаш деҳаи Зосуни ноҳияи Айнӣ ва қасри фарҳангии ба номи Нақибхон Туғрал дар ин ноҳия. Сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани қасри фарҳанг дар ноҳияҳои Ҷаббор Расулову Ашт ва ташкили театрҳои халқӣ дар ин навоҳӣ. Нашри осори шоирони болозикршуда, нусхаи хаттии девону куллиёти машҳуртарин суханварони форсу тоҷик, аз қабили Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Сайдо, Бедил бори дигар аз баракоти сулҳу ваҳдат маҳсуб меёбад.  Дар  ин ҷода баргузории озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ» бо сарпарастии Пешвои муаззами миллат бори дигар аз фарҳангсолориву диду назари хосса доштанашон ба фарҳангу маънавиёт ва ояндаи неку дурахшони насли наврасу ҷавон далолат медиҳад.
Табиист, ки Ваҳдат пеш аз ҳама ба иқтисодиёти  миллӣ таъсири ҷонбахш мерасонад. Сол аз сол дар байни минтақаҳои ҷумҳурӣ робитаҳои иқтисодӣ ва фарҳангӣ мустаҳкам мешаванд. Тадриҷан, кишвар аз бунбасти иқтисодӣ раҳоӣ меёбад ва  ба ҷомеаи ҷаҳонӣ мепайвандад. Иншоотҳои Шоҳроҳи ваҳдат ватани моро ба роҳи васеъи муносибатҳои иқтисодии байналхалқӣ ворид менамояд.
Чунон ки илми ҷуғрофияи инсоният ҷараёни демографиро бо омилҳои иқтисодию иҷтимоӣ дар пайвастагӣ омӯхта, исбот кардааст, дар ҳолате, ки ислоҳоти иқтисодию сиёсӣ дар мамлакатамон ҷараён дорад, нобаробарии ҷойгиршавии захираи замин ва одамон, афзоиши аҳолӣ ва камбизоатӣ, нобаробарии ҷойгиршавии захираҳои обию башарӣ, норасоӣ ва ифлосшавии захираҳои обӣ, истифодаи нодурусти об як қатор проблемаҳое мебошанд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аввалин шуда, моҳияти башарӣ-глобалӣ доштани ин масъалаҳоро дарк намуда, аз минбари баландмақоми СММ ба ҷаҳониён муроҷиат намуда, пешниҳод намуданд, ки соли 2003-ро соли “Байналхалқии оби тоза” эълон намуданд ва инчунин солҳои 2018-2028 “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” эълон карда шуд, ки ин пешниҳод якдилона қабул карда шуд. Ин анҷуман дар шаҳри Ню-Йорк барпо гардида, масъалаҳои муҳими оби тозаи башариро ҳал намуд. Дар асоси даъвати вакилони анҷуман ва пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2018-2028 “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” дар тамоми ҷаҳон эълон гардида, он аз тарафи мамлакатҳои ҷаҳон дастгирӣ ва қабул карда шуд.
Бунёд нақби «Истиқлол» ва «Шаҳристон»,  азнавсозии шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Бӯстон-Чаноқ, роҳи Айнӣ-Панҷакент, ки қисми таркибии Шоҳроҳи Ваҳдат мебошад, тамоми минтақаҳои кишварро ба ҳам овард.
Мояи ифтихори ҳар яке аз тоҷику тоҷикистонӣ он аст, ки мо давоми соҳибистиқлолии худ ба иҷрои яке аз ҳадафҳои стратегии худ – расидан ба истиқлолияти энерегетикӣ ноил гардем. Ба ҷузъ он, ки таввасути сиёсати оқилонаю дурбинонаи Сарвари давлат сохтмони хатти баландшиддати барқи «Ҷануб-Шимол», ки вобастагии вилояти моро ба манбаҳои хориҷӣ хотима бахшид, мавриди истифода қарор гирифт, ҳамчунин мавриди истифода қарор гирифтани нерӯгоҳи барқи обии «Роғун», ки санаи 16 ноябри соли 2018 бо ҳузури бевоситаи Пешвои муаззами миллат суръат гирифт, қадами бузург барои пешрафти соҳа гардид. Бунёди ин иншооти бузурги аср бори дигар аз бузургиву сабурӣ ва якдиливу яктании халқҳои тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ дарак дод.
Президент  дар лаҳзаҳои мушкили иқтисодиву иҷтимоӣ тақсим кардани 75 ҳазор гектар заминро ба сокинон роҳи раҳоӣ аз мушкилии иқтисодӣ донистанд, ки он чун замини «президентӣ» сокинонро аз гуруснагӣ раҳонид. Дар солҳои минбаъда бинобар самаранок истифода бурдани замин ислоҳоти мувафаққонаи соҳаи кишоварзӣ, бахшидани қарзҳои хоҷгиҳои деҳқонӣ аз фючерон ва бонкҳо имкон фароҳам овард, ки истеҳсолоти ғалладонагӣ ба 1, 5 миллион тонна, картошка ба 1 миллон тонна расонида шавад. Бадин тартиб давлат амнияти озуқавории худро таъмин намуд.
Моро ояндаи дурахшон дар пеш аст. Чун ин се ҳадафи стратегӣ дар амал тадбиқ шуд, моро мебояд, ки истеҳсолоти ватаниро ба роҳ монем. Маҳз ба ҳамин хотир Роҳбари давлат таъкид доштанд, ки кишвари мо аз мамлакати агросноатӣ ба мамлакати саноативу аграрӣ мегузарад. Яъне, вақти он расидааст, ки мо ашёи хоми саноатиро пурра  дар дохили кишвар коркард намуда, онро чун маҳсулоти тайёр ба хориҷ интиқол диҳем. Ин тадбир аввалан мушкилии бо ҷойи корӣ таъмин намудани аҳолиро аз байн бурда, тедоди муҳоҷирони иҷбориро кам мекунад. Дуввум буҷети кишвар ҳисоби корхонаҳои хурду бузург ғанӣ мегардад.
Дар ояндаи наздик мо бояд ба он муваффақ гардем, соҳаи коркарди канданиҳои фоиданокро вусъат бахшем. Кишвари мо дорои захираҳои бойи мису оҳан, сурмаву нуқра аст. Дар ин ҷода бо ҷалби инвеститсияи хориҷӣ таъсиси бештари корхонаҳо бар манфиати кор аст.
Дар  ин ҷода ба  муносибати 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ эълон гардидани 1300 рӯзи ободониву созандагӣ бо иқдоми Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода сокинони вилоят бо рӯҳбаландии бузург истиқбол намуданд. Ин тадбир имконият медиҳад, ки кишвари мо ба таври шоиста ба хориҷ муаррифӣ шавад, хоссатан дар замоне, ки дӯстиву рафоқати мо мо ҷумҳурии ҳамсояи Ӯзбекистон аз баҳори соли гузашта аз нав барқарор шуду ин дӯстиву хешутаборӣ намуна бар дигар миллатҳо гардидааст.
Оре, Ваҳдати миллӣ дар роҳи навсозии ҳаматарафаи кишвари азизи мо самараи нек ба бор меорад.
Бигзор сулҳу суббот, боварии тарафайну ризоияти шаҳрвандӣ, меъёри ҳастии ҷомеа гардида, дили пиру ҷавон ошёни ҳисси баланди ватандорӣ, нангу номуси миллӣ ва ифтихори давлатдорӣ бошад. Бигзор Ваҳдат ба хонадони ҳар як фарди тоҷик файзу баракат, нуру зиёи маънавӣ ато намояд.

Мукаррама Нозирова

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>