Татбиқи Қонунҳои амалкунанда

АЙНӢ. КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ баҳри татбиқи амалии Қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои тарғиботиро аз қабили вохӯриву сӯҳбатҳо ва сӯҳбатҳои мизи мудаввар бо ҷалби гурӯҳҳои тарғиботӣ ва фаъолон роҳандозӣ менамояд.Дар асоси нақшаи корӣ КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ санаи 25-уми апрели соли равон корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тарғиботиро ба тариқи баргузор намудани вохӯриву сӯҳбатҳо баҳри татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” дар Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 8, 33, 42, 11   вохӯриҳоро бо хонандагон ва волидони онҳо ба роҳ монд.Дар вохӯриҳо иштирокчиён бо муқаррарот ва бобҳои Қонуни мазкур шинос карда шуда, ҳамзамон вазифа ва ӯҳдадориҳои волидон дар назди фарзандон ва фарзандон дар назди волидон мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Аз баргузории ин гуна вохӯриҳо волидон изҳори хурсандӣ намуда, инчунин фикру мулоҳизаҳояшонро дар доираи мавзӯъ баён намуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>