БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ОГОҲИИ МУҲОҶИРОН ЗАРУР АСТ

c5f77b15ac9fcf250db93b1b04a6bf65

Аз 1899 шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба гуруҳҳои ифротӣ пайвастаанд, 75 фоизашро муҳоҷирони меҳнатии дар Русия қарордошта ташкил медиҳанд

Мунира (номи мустаор) сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аст. Соли гузашта шавҳари ўро дар роҳ ба сафари Сурия мақомот боздошт кардаанд. Кўшиши пайвастан ба созмонҳои террористӣ шавҳари ќањрамони моро ахиран ба муддати 12 сол аз озодӣ маҳрум намуд.

Мунира мегўяд, шавҳараш бо даъвати бародараш, ки дар Федератсияи Россия муҳоҷири меҳнатӣ қарор дошта, яке аз тарғибгарони идеологияи “давлати исломӣ” будааст, ба ин кишвар меравад.

 

3 гурӯҳи муҳоҷирони ифротӣ ва “ретсепти хос” –и муносибати гурӯҳҳои ифротӣ бо онҳо

 

Тафтишот нишон медиҳад, ки шавҳари Мунира то азми сафар ба Сурия дар шабакаҳои иҷтимоӣ идеологияи ин гурўҳҳоро тарғиб намуда, бо гумроҳ сохтани шаҳрвандони дигар машғул будааст.

Аммо Мунира ягона зани тоҷик нест, ки шавҳари муҳоҷираш бо ҷурми пайвастан ба гурўҳҳои террористӣ аз озодӣ маҳрум шуда, ўро дар чорроҳаи зиндагӣ сарсону назди мардум сархам намудааст. Ҳоло Мунира бо писарчаи сесолааш дар роҳи зиндагӣ ҳайрон монда, намедонад чӣ кор кунад: шавҳари гумроҳшудаи зиндониашро интизор шавад, ё аз ў талоқ талаб намояд?

Тибқи маълумоти расмӣ шумораи муҳоҷирони тоҷик, ки баъдан ба гурӯҳҳои ифротӣ пайвастаанд, хеле зиёд аст.  Аз рӯи маълумоти масъулини Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон то моҳи сентябри соли 2018 аз Тоҷикистон танҳо ба ном “давлати исломӣ” (фаъолияташ дар кишвар мамнӯъ) 1899  нафар шаҳрванди тоҷик пайваст шудаанд, ки аз ин шумора 75% — ро муҳоҷирон ташкил медиҳанд.

Коршиносон мегўянд, муҳоҷирон нисбат ба дигар қишрҳои ҷомеа барои ифротишавӣ бештар  осебпазиранду барои созмонҳои террористӣ дар қиёс ба дигар табақаҳои ҷомеа гумроҳ намудани онҳо осонтар аст.

Таҳлилгар Неъматулло Мирсаидов, ки ин мавзӯъҳоро бештар пайгирӣ намудааст, мегўяд, муҳоҷирон аз рўйи омилҳои шомилшавӣ ба созмонҳои ифротӣ ба якчанд гурўҳ тақсим мешаванд.

-      Ба гурўҳи якум муҳоҷироне мансуб ҳастанд, ки аз рўйи ночорӣ идеологияи гурўҳҳои террористӣ ва экстремистиро тарафдорӣ мекунанд. Ин гурўҳи муҳоҷирон асосан аз шароити пасти иқтисодӣ ба хотири дарёфти маблағ шомили гурўҳҳои тундгаро мегарданд. Гурўҳи дуюми муҳоҷирон бевосита аз нуқтаи назари идеологӣ тарафдори ақидаҳои ифротӣ буда, бидуни ягон маҷбурият ба сафи созмонҳои террористӣ мепайванданд. Ба гурўҳи сеюм он муҳоҷироне дохил мешаванд, ки бо сабаби паст будани маърифати ҳуқуқӣ, саводи динӣ ва дунявӣ  фиреб хўрда, гумроҳ мешаванд.

Гуфта мешавад омилҳои шомилшавии муҳоҷирон ба гурўҳҳои ифротӣ кам нестанд, аммо ниёзмандии моддиву молӣ ҳамоно дар ин рўйхат мавқеи калидӣ дорад. Таҳлилҳо низ нишон медиҳанд, ки гурўҳҳои ифротӣ барои афзоиши аъзои худ аз эҳтиёҷмандии одамон сӯистифода мекунанд.

 

Эътироз ба беҳуқуқӣ?

Таҳлили маълумоти масъулини Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки аз 1899 нафари шомилшуда ба гуруҳҳои ифротӣ 917 нафарро шањрвандони аз 25 то 30-сола ва 696 нафарро шањрвандони аз 20 то 25-сола  ташкил медиҳанд. Яъне бештар ҷавонон ба ин гурӯҳҳо ҷалб шудаанд.

Ба гуфтаи таҳлилгарон, сабаб пеш аз ҳама, дар ҷараёни авҷгирии муҳоҷират нуҳӯфтааст ва ба он иртибот мегирад, ки ин ҷараён хислати “ҷавонишавӣ” мегирад. Ба таври дигар, агар солҳои қаблӣ маъмулан насли миёнсол ба муҳоҷират мерафтанд, ҳамакнун шумораи муҳоҷирон аз ҳисоби ҷавонон  афзоиш дорад.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки аз омилҳои мусофирӣ, ғарибӣ, фазои бегона, муҳити ғайр, одамони гуногун ва фарҳанги ношинос гурӯҳҳои ифротӣ хеле устокорона истифода менамоянд.

Тавре журналисти тоҷик  Бунёдҷон Пўлодӣ, ки феълан дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия қарор дорад, мегӯяд:

-Муҳоҷирони тоҷик муаммоҳои зиёд доранд. Бепулӣ -  аз мушкилоти маъмулии муҳоҷирон аст. Гузашта аз ин, муҳоҷири меҳнатии тоҷик хароҷоти калони маъмурӣ дорад ва ин ба равони онҳо бе таъсир намемонад.

Аз нўҳ муҳоҷири  тоҷик,  ки хабарнигори “Сухани халқ” аз онҳо дар бораи омилҳои шомилшавии муҳоҷирон ба гурўҳҳои ифротӣ суол намуд, бепулӣ ва шароити пасти иқтисодӣ сабаби маъмулӣ ва асосӣ унвон шуд. Натиҷаи пурсиш нишон дод, ки поймол шудани ҳуқуқи муҳоҷирон ва ноадолатӣ низ намояндагони ин қишри ҷомеаро ба роҳҳои нодуруст ва ҳамин тавр ба гурӯҳҳои ифротӣ тела  медиҳанд.

Аз ҷумла, муҳоҷири меҳнатии тоҷик Ҳасаншоҳ Ҳасанов, ки дар Русия қарор дорад, зимни сӯҳбат бо мо гуфт, дар ин кишвар нисбат ба зодагони Осиёи Миёна, хусусан тољикон муносибати хуб надоранд ва ин ноадолатии зиёдро ба бор меорад. Ин ноадолатиҳо эътирозро дар вуҷуди муҳоҷирон ҳосил карда, онҳоро ба сафи гуруҳҳои ифротӣ пайванд медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, коршиносон надоштани дониши ҳуқуқиро сабаби беҳуқуқии муҳоҷирон ва помол шудани ҳуқуқҳояшон арзёбӣ мекунанд.  Ин нукта барои гумроҳу ифротӣ шудани муҳоҷирон низ мусоидат менамояд.

Зоҳидҷон Қурбонов, директори МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар вилояти Суғд ба ин назар аст, ки паст будани дониш ва маърифати сиёсӣ низ сабаби гумроҳшавии муҳоҷирон гашта метавонад. “Барои ҳамин сафарҳои зуд –зуди намояндагони аҳзоби сиёсӣ ва рӯҳониёни саршинос, ки вақтҳои  охир ба назар мерасад, барои баланд шудани дониши диниву дунявии муҳоҷирон мусоидат намояд ва натиҷаашро аллакай мебинем: раванди пайвастшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ аллакай назар ба солҳои гузашта бамаротиб камтар шудааст” – мегӯяд ӯ ва мутмаин аст, ки гумроҳ намудани инсони босавод кори саҳл нест.

 

“Фазои озод” – шароит барои гуруҳҳои ифротӣ

Бесаводӣ ё камдонишии динии ҷавонон, хоса муҳоҷирон ва надонистани моњияти аслии мафҳумҳое чун “ҷиҳод”, “шаҳид” ва “савобу гуноҳ” низ, ба гуфтаи таҳлилгарон, онҳоро метавонад ба зудӣ сӯи гурӯҳҳои ифротӣ тела диҳад.

Номзади илмҳои сиёсатшиносӣ Шўҳрат Саидов ба ин назар аст, ки  эътиқоди баланди мазҳабӣ, аммо маърифати пасти исломӣ сабабгори гумроҳшавии муҳоҷирон гашта метавонад:

-      Созмонҳои террористӣ хуб медонанд, ки барои ҷалби мардум дин воситаи таъсиррасон аст, хоса агар онҳо бесавод ё камсавод бошанд, ин “кор”-и гурўҳҳои ифротиро бамаротиб сабуктар мегардонад.

Бар илова, ба қавли ин коршинос, омили равонӣ низ дар ин ҳолатҳо мусоид меояд. “Яъне онҳо аз назорати ҷомеа ва пайвандон дур монда, ба қавле худро “озод” ҳис мекунанд, ки дар натиҷа “луқмаи тайёр” дар дасти гуруҳҳои ифротӣ хоҳанд гашт.

 

Фирор аз масъулиятҳои хонаводагӣ?

Масъулини ҳукумат ва нерӯҳои сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон мегӯянд, ки барои пешгирии муҳоҷирон аз шомилшавӣ ба созмонҳои террористӣ иқдомоте анҷом медиҳанд.  Масъулини “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ”-и Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд мегӯянд, бо ин ният дар соли гузашта беш аз 200 вохўрӣ анҷом додаанд. Зоҳидҷон Қурбонов, директори ин муассиса зимни сӯҳбат бо мо гуфт, ба хотири баланд бардоштани сатҳи огоҳии шаҳрвандон ва пешгирӣ аз терроризму экстремизм дар ин муддат зиёда аз 3,5 ҳазор варақаҳои иттилоотӣ ба шаҳрвандон тақсим намудаанд.

-      Мубориза алайҳи зуҳуроти номатлуб дар меҳвари фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор дорад- мегўяд раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ.

Ба гуфтаи ў, доир намудани мулоқот ва вохўриҳои судманд бо муҳоҷирони муқими Федератсияи Россия аз самтҳои асосии фаъолияти ҲХДТ аст.

Хабарнигори “Сухани  халқ” замоне бо раиси кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри  Хуҷанд сӯҳбат намуд, ки номбурда нав аз мулоқот бо муҳоҷирон аз шаҳри Иркутски Федератсияи Россия баргашта буд. Хулосаи ҷолиби худро дар бораи сабабҳои пайвастани ҷавонон ба ин гурӯҳҳои ифротӣ, ки хушбахтона феълан кам шудааст, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд чунин арзёбӣ намуд:

-Дуруст тарбия наёфтани ҷавонон дар роҳи меҳнатдўстӣ низ сабаб мегардад, ки ин қишри ҷомеа ба  мушкилоти муҳоҷирати меҳнатӣ тоб наоварда, роҳҳои осони дарёфти пули муфтро интихоб намоянд. Онҳое ҳам ҳастанд, ки ба хотири фирор аз мушкилот ва масъулияти хонаводагии худ ба Русия рӯ оварда, ҳамин тавр аз ноумедӣ ба доми гурӯҳҳои ифротӣ меафтанд.

Дар ҳамин маврид, таҳлилгар Неъматулло Мирсаидов ба ин назар аст, ки барои барҳам задани ин омил зарур аст, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ курсҳои таълимӣ барқарор карда шавад:

-      Вақте ҷавонон аз ҳунар бархӯрдор мегарданд, дар муҳоҷират низ ба онҳо талабгор пайдо мешавад ва ин қишри ҷомеа бекор намемонад. Ҷиҳати пешгирӣ аз шомилшавии муҳоҷирон ба гурўҳҳои ифротӣ зарур аст, ки ин қишри осебпазир, пеш аз ҳама, бо ҷойи кори доимӣ ва маоши арзанда таъмин бошад.

Воқеан,  ин иқдом метавонад барои онҳое, ки бо сабабҳои иҷтимоӣ Тоҷикистонро тарк мекунанд, самаровар бошад. Вале коршиносон мегӯянд, мутаассифона, гурўҳи одамоне низ ҳастанд, ки маҳз барои пайвастан ба гурўҳҳои ифротӣ рў ба муҳоҷират меоранд. Аз ин хотир, бархӯрд ба онҳо бояд ҷудогона бошад.

Мафтуна ИСМОИЛОВА

“Сухани халқ”

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>