Бунёдкориву ободонӣ боз дар як гӯшаи диёр

ДЕВАШТИЧ. Сокинони меҳнатқарини ноҳияи Деваштич аз Паёми ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 22 декабри соли 2016 ироанамудаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар руҳу илҳоми тоза гирифта, баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати созандаи Сарвари давлат дар тамоми соҳаҳои хоҷагии қишлоқ саъю кӯшиш намуда истодаанд. Махсусан дар соҳаи кишоварзӣ ташаббусҳои нав ба нави сокинону фаъолони ноҳия баҳри сарсабзии диёр ба назар расида, маорифчиён низ дар яке аз гӯшаҳои ноҳияи Деваштич, яъне дар назди муассисаи таълимии миёнаи умумии рақами 4-и деҳаи Муҷун бо ташаббуси сарвари муассиса Ботир Саломов ва дастгирии раиси Ҷамоати деҳоти Муҷун Комилҷон Отабойзода ва раиси Шӯрои маҳаллаи деҳаи Муҷун Абдурауф Нарзуллоев дар масоҳати зиёда аз 1,5 га хоҷагии ёрирасон ва боғи дарахтони мевадиҳандаву сояафкан ташкил намуда, дар шафати роҳравҳо гулу буттаҳо шинонида шуданд. Мавриди зикр аст, то имрӯз гирду атрофи муассисаи мазкур бинобар бо сабаби тангдастӣ кашидан ба оби полезӣ ба як ҳолати ногувор қарор дошта буд ва пас аз он, ки ду сол қабл бо ташаббусу дастгирии фаъолону сармоягузорон дар деҳаи Муҷун кофта ба истифода додани чоҳи артезианӣ (амудӣ) зиёда аз 500 оила ба оби нӯшокӣ ва зиёда 150 хоҷагиҳои деҳқонӣ, алалхусус МТМУ №4 низ ба оби полезӣ дастрасӣ пайдо карданд. Маҳз аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтани ташаббусҳои глобалии Роҳбари муаззами давлатамон дар соҳаи об низ, сокинони диёрамонро руҳбаланд намуда, ба онҳо такони ҷиддие мебахшад, ки барои ободиву гулгулшукуфии Ватани хеш саҳми арзандаи худро гузоранд. Ҳамин буд, ки бо роҳбарии сарвари муассиса омӯзгорону хонандагон ва фаъолони деҳа гирду атрофи муассисаи мазкур ба сабзазор табдил гардида, боғоту гулгашт ташкил ёфт ва дар майдони хоҷагии ёрирасони муассисаи зикршуда сабзавоту маҳсулоти полезӣ кишт карда шуд. Чунин ташаббусҳои маорифчиёну хонандагони МТМУ №4-ро ба инобат гирифта, дар асоси дастури Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баҳри хотирмон таҷлил намудани соли 2017 «Соли ҷавонон» бо ташаббуси Намояндагии Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷавонон «Созандагони Ватан» дар ноҳия, дар якҷоягӣ бо Ҷамоати деҳоти Муҷун ва бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар муассисаи таълимӣ рӯзи шанбегии боҳашамат баргузор гардид. Фаъолони деҳаи Муҷун барои нашъунамову обод гардидани як гӯшаи дигари диёр дастархони идона ороста, пирони нуронӣ барои ташаббуси аъзову ҷонибдорони НТТТ «Созандагони Ватан» ва тақвият бахшидан ба нерӯъи ободкоронаи онҳо дасти дуо бардоштанд. Шанбегии мазкур дар руҳияи идона ва дастаҷамъона баргузор шуд, ки натиҷаи он пас аз муддати начандон дур самараи нек ба бор хоҳад овард.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>