ВАТАНХОҲӢ БА ГУФТОР НЕСТ

LOGO

Дар замони муосир терроризм ва ифродгароӣ яке аз зуҳуроти хафноку хатаровар буда, имрӯзҳо он ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш оварда аст. Гурӯҳҳои экстремистӣ ва ифротӣ аз ҷумлаи онҳо ҳизби наҳзати ислом, ки дар Тоҷикистон мамнӯъ эълон карда шудааст, барои амалӣ намудани нақшаву ниятҳои нопоки худ аз номи дини мубини ислом истифода бурда, мардумро аз он ҷумла, ҷавононро ба гумроҳию хиёнат ба давлату миллат ҳидоят мекунад.

Аз ин лиҳоз, мо ҷавононро, ки оянда ва қувваи пешбарандаи ҷомеа мебошанд, бояд аз мақсадҳои ғаразноки ҳизби наҳзати ислом огоҳ кунем. Баъзе аз ҷавонон, ки саводи кофӣ надоранд, ба доми гурӯҳҳои экстремистӣ ва ифротгароӣ наафтанд ва гумроҳ нагарданд. Аъзои ҳизби наҳзати ислом дар асл мухолифони давлат буда, мақсадҳои ғаразноки сиёсӣ доранд, пешравӣ ва сулҳу субот, ободии диёрамонро дидан намехоҳанд.

Қайд намудан зарур аст, ки барои дар ҷомеаи имрўза пойдор мондани сулҳу осоиштагӣ ва роҳ надодан ба чунин тарғиботҳои зиддиқонунии ҳизби наҳзати ислом мо бояд ҳамаҷониба, фикран ва ҷисман бар зидди он мубориза барем.

Таъкид намудан ҷоиз аст, ки мо бояд ҳушёриро аз даст надиҳем ва ба ҳазёнгӯиҳо ва дурӯғгӯии аъзои ҳизби наҳзати ислом ҳеҷ гоҳ бовар накунем. Ба қадри пойдории сулҳу ваҳдат ва оромӣ дар кишварамон бирасем. Ба дасисаҳои бадхоҳони Ватани азизамон ҳаргиз дода нашавем. Шукронаи ҳаёти осуда дар кишвар кунем ва баҳри ободӣ ва пешравии давлатамон саҳмгузор бошем.

Барои ҳамин ҳам имрўз ба дӯши шаҳрвандон ва махсусан ҷавонон масъулияти зиёде гузошта шудааст, ки ин худшиносии миллӣ ва ифтихор аз Ватану ватандорӣ мебошад ва агар дар ҷомеаи имрӯзаи мо онро такомул диҳем, ҳеҷ як зуҳуроти номатлуб ба ҷамъияти мо роҳ наёбад ва дар Тоҷикистони азизи мо ҳамеша сулҳу субот пойдор мемонад.

 

Ҳабиба АБДУЛЛОЕВА,

аъзои фаъоли ҲХДТ

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>