Сӯхбати дугонаҳо

СПИТАМЕН. «Занону модарони тоҷик дар тӯли чандинҳазорсолаи халқамон ҳамеша чароғи пурфурӯғи хонавода, манбаи адонашавандаи меҳр, мазҳари ишқу зебоӣ, намоишгари покӣ, намунаи олии меҳрубонӣ ва чашмаи иноят буданд» ин суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Роҳбари муаззами ҲХДТ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати мо – занон ва духтарони тоҷик мебошад. Ифтихори онро дорем, ки чун духтарону занони хушбахт дар сарзамини биҳиштоосои Тоҷикистон зиндагӣ дорем. Тибқи нақшаи кории кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Спитамен, бахшида ба «Соли -Ҷавонон» дар пояи ташкилоти ибтидоии  Беморхонаи марказӣ  мизи муддавар  зери ливои «Сӯҳбати дугонаҳо»  оиди  одобу ахлоқи  ҳамидаи духтари тоҷик, маданияту фарҳанги миллии либоспӯшии духтарон,  баҳри амалигардонии Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии ақду никоҳи хешу таборӣ», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Пешгирии хушунат дар оила», масъалаҳои психологии оила, рафтору гуфтори ҷавондухтарон дар хонаю куча,  касбомӯзии ҷавондухтарон  бо оростани гуфтугуи ошкоро баргузор гардид.   Дар   чорабинии мазкур сармутахаасиси бахши кор бо ҷавонон ва иттилооти кумитаи иҷроия Муҳитдинова Умедахон, мутахассиси омори кумитаи иҷроия Обидҷонова Фарзона,  аъзои фаъоли ҳизб, равоншинос  Болтуева Заррина,  намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия  муовини раиси намояндагии ТҶҶ «Созандагони  Ватан»  Примқулова Азиза зиёда аз 100 нафар донишҷудухтарони коллеҷи тиббии ноҳияи Спитамен  иштирок намуданд.   Мизи муддаварро   сармутахассиси бахши ҷавонон ва иттилооти кумитаи иҷроия Муҳитдинова Умедахон  кушода ҳамагонро бо меҳмонон  шинос намуд. Сипас,  аъзои фаъоли ҳизб, равоншинос  Болтуева Заррина  оиди «Масаълаҳои психологии оила», ташаккули оилаи солим,  сабабҳои асосии пошхӯрии оилаҳои ҷавон ва пешгирии  ақду никоҳи хешу таборӣ маслиҳатҳои муфиди равонӣ дод. Баъд мутахассиси омор ва бойгонии кумитаи иҷроия Обидҷонова Фарзона   сухани навбатиро идома дода дар мавзӯи «Зан оинаи ҳусн»  баромад намуда мавқеи имрӯзаи зани тоҷик, рисолати занро дар ҷомеъа нишон дод. Инчунин оиди фаъолияти занони фаъоли ҲХДТ ва амалигардонии бандҳои Оиннома ва Барономаи ҲХДТгуфта гузашт. Сӯҳбати дугонаҳо бо баромади духтарони коллеҷи тиббии ноҳия Муҳиддинова Шаҳноза, Назарова Мадина, Шукурова  Ойзода,  Хайруллоева Чарос боз ҳам шавқовар гузашт.  Сипас  намояндаи МИҲД, муовини роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан»  Примқулова Азиза  ба сухан баромада оиди тарбияи ҷавондухтарон, этикаи  сухангуйи, либоспӯшии миллии тоҷикона ва интихоби дурусти касб баромад намуд. Дар охир Муҳитдинова Умедахон сӯҳбати мазкурро бо суханони зерин хотима бахшид:   бо ташаббусу фаъолияти  ҷавонон ва дастовардҳо назаррас Соли ҷавононро ҷамъбаст намоем. Ин  зинаи бузург барои мо ҷавонон  дар оянда мебошад, ки дурахшонии Тоҷикистонро Пешвои миллат ба мо боварӣ  намуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>