Хизмат ба ватан ифтихори ман буд

ПАНҶАКЕНТ. Дар  қатори дигар шаҳрвандон- ҷавонмардони боору номуси ватан сержант Ширинов Ҷовид Абдуқаюмович ду соли хизмат ба ватанро  дар шаҳрҳои Душанбе, Конибодом ва Панҷакент бо сари баланд адо намуда, ба хонаашонбаргашт. Ӯ дар суҳбат бо Шукурзода М.- раиси КИ  ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент иброз дошт, ки аз хизмат ба Ватан ифтихор мекунам. Давраи хизмат ба Ватан барои ман давраи обутоб ёфтан ва тарбияи ҳаётӣ гирифтан буд. Ман дар хизмат дӯстони зиёд пайдо намудам. Сатҳи ҷаҳонбиниам дигар шуд. Ватан- модарро ҳарчи бештар дӯст доштам. Мамнунам, ки таи ду сол баҳри ҳифзи Ватан, тинҷию амонии Тоҷикистони азиз саҳмгузорӣ намуда бо рутбаи серҷант ба хона баргаштам. Хизмат ба Ватан қарзи ҳар як ҷавони боору номус ва ватандор аст. Ман ба ҷавонон муроҷиат мекунам, ки аз хизмат ба Ватан саркашӣ накунанд. Ҳамчун фарзанди содиқ ба Ватан хизмат намоянд. Бояд таъкид намуд, ки ҳар сол дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъват ва гусели ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон саривақт иҷро мешавад. Дар айни замон нақшаи гусели баҳории ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ 55 фоиз иҷро гардида гусели ҷавонон идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>