ТАБРИКОТИ Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ

ВАхдат

Ҳамдиёрони азиз!

22-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллиро аз номи Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд самимона муборакбод мегӯем.

Аз имзои созишномаи таърихӣ, ки дар ҳаёти тоҷикистониён марҳилаи навро оғоз намуд,  яъне Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ 22 сол пур шуд.

Истиқлолияти давлатӣ барои миллати тоҷик ба осонӣ даст надодааст. Талошу заҳмат ва ҷоннисориҳои фарзандони барӯманди кишвар боис гардид, ки оташи ҷанги ба истилоҳ бародаркуш хомӯш гардида,  дар Ватани азизамон фазои мусоиди ҳамдигарфаҳмӣ ба вуҷуд ояд.

Иҷлосияи наҷотбахши XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоб баргузор шуда, баргузидаи халқ, роҳбари тозаинтихоби ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон аввалин муждаи таъмини сулҳу субот дар Ватани азизамонро баён намуданд. Мо ҳамагон ба хубӣ медонем, ки баҳри иҷрои ин ваъдаи худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷони худро ба хатар гузошта, борҳо ба сарзамини ҷангидаистодаи Афғонистон рафтанд ва ниҳоят санаи 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисто мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди имзои Созишномаи истиқрори сулҳ чунин гуфта буданд: “Бо имзои Созишномаи сулҳ мо ба ҷанги даҳшатбори дохилӣ хотима бахшидем. Собит карда тавонистем, ки миллати мутамаддин ҳастем ва ҳамчун кишваре, ки аз рӯзҳои мудҳиш ва сахт гузаштааст, хоҳони сулҳем ва ҳамеша ҷонибдори онем, ки дар тамоми нуқтаҳои доғи ҷаҳон проблемаҳо танҳо бо роҳи музокироти сиёсӣ ҳаллу фасл карда шавад”.

Инак,  22 сол мешавад, ки халқи тоҷик ва дигар халқияту миллатҳои маскуни кишвар дар фазои сулҳу осоиштагӣ умр ба сар мебаранд. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон чун намунаи беҳтарини сулҳофарӣ аз тарафи ҷаҳониён эътироф гардидааст.

Сулҳи тоҷикон таҷрибаи ибратомӯзест ва барои тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ахлоқи ҳамида, шукргузори аз ҳаёти тинҷу осуда ва инчунин расидан ба сари Ваҳдату якдигарфаҳмӣ аз арзиши воло бархурдор аст.

Бо истифода аз фурсати муносиб Рӯзи Ваҳдати миллиро ба ҳамагон табрику таҳният гуфта, орзуманди онем, ки фазои рӯзгори мо софу беғубор ва шодиву нишот ҳамарӯза ҳамраҳу ҳамқадами ҳаёти мо бошад.

22-юмин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>