Хониши сиёсӣ дар КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд

IMG_0155

Имрӯз, 26 – уми июни соли 2019 бо иштироки кормандони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд хониши сиёсӣ доир шуд.

Сатториён Матлубахон Амонзода, Раиси Кумитаи иҷроияи вилоятии ҲХДТ суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки иқдоми мазкур бо мақсади баланд бардоштани дониши сиёсии кормандони ҳизб ва таъмини сатҳи огоҳии онҳо аз ахбори дохил ва хориҷи кишвар ҳафтае як маротиба дар кумиҷрояи вилоятӣ ва шаҳру навоҳии вилоят роҳандозӣ  мешавад.

«Дониши баланди сиёсии кормандони ҳизб омили муҳими рушд ва пешрафти фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки дар раванди муосири бадалшавии идеологияҳо кормандони ҳизбӣ зиракии сиёсиро аз даст надода, бо дониш ва маърифати мукаммали сиёсӣ мусаллаҳ бошанд» — гуфт Матлубахон Амонзода.

Бобоҷон Қурбонов, сармуҳаррири нашрияи «Сухани халқ» доир ба мавзӯъҳои муҳими ҳафтаи равон маърӯза намуд. Мубрамтарин масоили матбуоти даврӣ давоми ҳафтаи гузашта – Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, авзои сиёсии ҷаҳон, мубориза бо зуҳуроти номатлуб ва дигар масоили актуалии васоити ахбори оммаи чопӣ давоми ҳафтаи гузашта мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Гуфта шуд, ки ҳафтаи гузашта дар ҳаёти сиёсӣ ва иктисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор воқеаҳои муҳим рух доданд, ки яке аз онҳо доир шудани Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё маҳсуб меёбад.

«Ҳамоиши мазкур, ки сарони 27 кишварҳои давлатҳои Осиёро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳам овард, барои таъмини ҳамкориҳои бисёрҷонибаи Тоҷикистон манфиатнок буд. Дар доираи ин ҳамоиш   масоили таъмини амнияти минтақа, мубориза бо терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир мавриди баррасӣ қарор гирифтанд».

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>