ДДХ: Сад нафар ба сафи ҳизб пайвастанд

IMG_9957

Бо иштироки Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Сатториён Матлубахон Амонзода дар толори раёсати МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” таҳти унвони «Нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар таҳкими ваҳдати миллӣ» конференсияи илмӣ – амалӣ доир гардид.

Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло, ректори донишгоҳ конференсияро ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба муносибати 22 – юмин солгарди ҷашни Ваҳдати миллӣ табрик гуфт.

Доир ба нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар таҳкими Ваҳдати миллӣ Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Сатториён Матлубахон Амонзода маърӯза намуд. Таъкид шуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун нерӯи тавонои сиёсӣ дар таҳкими ваҳдати миллӣ, рушди ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодии кишвар нақши калидӣ дорад.

“Аъзои ин ҳизби мардумӣ, ки сарварии онро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зимма доранд, атрофи ғояи созандаи ҳизб муттаҳид шуда, барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум фаъолият мебаранд” – таъкид дошт раиси кумиҷрояи вилоятӣ.

Дар мавзӯи «Ваҳдати миллӣ – омили муҳими устувори Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар марҳилаи нави истиқлолият» маърӯзаи декани факултаи таърих ва ҳуқуқи донишгоҳ Ҷабборов Иброҳим шунида шуд.

Ҳамзамон, дар рафти конференсия ба 100 нафар аъзои нав шаҳодатномаи ҳизбӣ ва ба як гурӯҳ фаъолони ҳизбӣ нишони ҷашнӣ ва Сипоснома супорида шуд.IMG_9931 IMG_9978IMG_9855

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>