Афзоиши аъзоёни ҳизб аз ҳисоби ҷавонони лаёқатманд

БӮСТОН. Эълон гардидани соли 2017 «Соли  ҷавонон» аз ҷониби Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат,  Раиси муаззами ҲХДТ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  масъулияти  бахшҳои кор бо ҷавонони ташкилотҳои ибтидоии кумиҷроияи шаҳри Бӯстонро  дучанд намуд. Аз аввали сол ташкилотҳои ибтидоӣ дар назди худ  нақша гузоштанд, ки «Соли ҷавонон»  нишондиҳандаҳои аъзошавиро ба  ҳизби пешсаф аз ҷониби ҷавонони  лаёқатманд афзуда ба ҳайати сифатии онҳо аҳамияти махсус дода мешавад. Тибқи  таълилҳои бахши омори КИ ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон аз шумораи умумии 330 аъзошудагон дар соли 2016 ба ҳизб 220 нафарашонро ҷавонон фаро гирифтаанд, ки  66 % аъзошавиро  ташкил менамояд. Шумораи  аъзоён аз ҳисоби ҷавонони шаҳри Бӯстон дар ҳолати  моҳи апрели соли равон 1114 нафарро ташкил менамояд, ки нисбати  ҳамин давраи соли 2016-ум  210 нафар зиёд мебошад. Ташкилоти ибтидоии  Корхонаи фаръи бақайдгирии молумулки шаҳри Бӯстон ин иқдомро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, аз аввали сол ба корхона  бештар  мутахассисони ҷавон ҷалб  гардиданд. Бо дарки баланди масъулиятшиносӣ  ҷавонони  корхона якдилона  ба ҳизби  пешсаф шомил гардиданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>