Мусобиқаи шоҳмот барои Ҷоми Пешвои миллат

20190626_082649

Дар ноҳияи Зафаробод марҳилаи дуюми мусобиқаи варзишӣ оид ба шоҳмот баргузор гардид.

Мусобиқаи мазкурро Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо кумиҷроияи ҲХДТ барои ба даст овардани Ҷоми Пешвои миллат доир намуд.

Дар мусобиқа сокинони касбу кори гунонгун, хонандагон ва собиқадорони меҳнат иштирок карданд.

Равшан Кӯчаков (байни калонсолон), Санҷар Аҳмадов (байни ҷавонон) ва Дилдора Толибова (байни духтарон) дар даври ноҳиявии мусобиқа ғолиб дониста шуда, бо диплом сарфароз гардиданд.

Ғолиби даври ҷумҳуриявии мусобиқа соҳиби сад ҳазор сомонӣ хоҳад гардид.

Миёни намудҳои варзиш шоҳмот аз афзалияти хос бархӯрдор буда,  дар ташаккули зеҳнии инсон мусоидат мекунад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>