Ваҳдату оромиш беш аз ҳарвақта ба ҳифзу таҳким ниёз доранд

2 (1)

Дар толори маҷлисгоҳи беморхонаи физиотерапевтии ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Хуҷанд вохӯрӣ доир гардид.

Дар он намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Абдумавлон Азимов суханронӣ карда, кормандони соҳаи тибро бо Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборакбод кард. “Ваҳдат нишонаи сулҳу оромӣ, некӯаҳволии халқ, созандагиву ободкорӣ ва пеш аз ҳама, бозгӯи бахти баланди ҳар миллате маҳсуб мешавад, ки ин арзиши бебаҳои ҳаётро ҳифз мекунад. Ҳодисаҳои ҷаҳони имрӯза ба он далолат мекунанд, ки ваҳдату оромиш беш аз ҳар вақта ба ҳифзу таҳким ниёз доранд, зеро ваҳдат пойдевори ҳар як миллат ба ҳисоб рафта, рушду тараққиёт, беҳбудии зиндагии мардум бевосита аз он ибтидо мегирад”- таъкид шуд дар мулоқот.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>