Истиқболи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар фурудгоҳи миллии Мински Ҷумҳурии Беларус

48139168046_9036592b08_z

ДУШАНБЕ, 27.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. 27 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади анҷоми сафари расмӣ ба шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус ташриф оварданд.

Дар фурудгоҳи миллии Минск Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Ҷумҳурии Беларус гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Мавриди зикр аст, ки то имрӯз бо талошҳои пайвастаи давлату ҳукумати кишвар, сиёсати дурбинонаи хориҷии дарҳои бози Пешвои миллат, иродаи қавии сарони давлатҳо ва муколамаи сатҳи олии Тоҷикистону Беларус, муносибатҳои дӯстию ҳамкории ду давлат сатҳу сифати нав касб кардааст.

Дар назар аст, ки зимни ин сафари расмӣ мулоқоту музокироти сатҳи олӣ оид ба баррасии маҷмуъи васеи масоили ҳамкории дуҷониба ва дарёфти роҳҳои таъмиқи робитаҳои Тоҷикистону Беларус, баргузор гардад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>